
Кумита ваколатҳои зеринро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият амалӣ месозад
- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
- самтҳои асосиро муайян менамояд, барномаҳои дурнамо, ҷорӣ ва мақсаднокро оид ба масъалаҳои мансуб ба ваколати Кумита таҳия ва амалӣ менамояд;
- захираҳои кадрҳои роҳбарикунандаро дар соҳаи Кумита таъсис медиҳад;
- пешбурди оморро оид ба масъалаҳои мансуб ба ваколати Кумита анҷом медиҳад;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигарро оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, барномаҳо оид ба рушди соҳаҳои кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш амалӣ менамояд.
- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад, дар таҳия ва амалӣ намудани шартномаҳои байналмилалӣ ва байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Кумита иштирок менамояд;
- корҳоро оид ба ҷалби сармоягузориҳо барои рушди соҳаҳои мансуб ба ваколати Кумита анҷом медиҳад;
- бо ташкилотҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамкорӣ менамояд.
- озмунҳо, фестивалҳо, конференсияҳо, форумҳо, ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ, байниминтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ мегузаронад;
- барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва ғояҳои Ҳаракати олимпӣ фаъолияти рекламавию иттилоотӣ ташкил менамояд;
- ҳангоми таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манфиатҳо ва дархостҳои ташкилотҳои ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ба инобат мегирад.
- ба рушди тарбияи ватанпарастӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии (маънавӣ) ҷавонон, таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ, ягонагӣ ва муттаҳидии ҷавонони кишвар мусоидат менамояд;
- дар таҳия ва амалӣ намудани чораҳо оид ба фароҳам овардани шароит барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, ошкор ва амалӣ намудани иқтидори онҳо, мутобиқсозии он ба ҳаёти мустақилона, ҳифзи манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқҳои ҷавонони кишвар иштирок менамояд;
- дастгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавононро, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз қайди давлатӣ гузаштаанд, амалӣ мегардонад;
- озмунҳоро ҷиҳати сазоворгардонӣ ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд ва Ҷоизаи Кумита дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ ва барномасозиро ташкил ва мегузаронад;
- дар ташкили кори Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;
- ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, хоҷагидорӣ ва ҳунармандӣ дар байни ҷавонон мусоидат намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои мустақилияти иқтисодии ҷавонон чораҳо меандешад.
- ҷиҳати таълими ҷавонон мусоидат намуда, баҳри дастгирию ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд шароити мусоид фароҳам меорад;
- баҳри таҳкими худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон, инчунин ҷиҳати рушди маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон мусоидат менамояд;
- ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо мақсади ба манфиати ҷомеа истифода бурдани неруи ақлонӣ ва ҷисмонии ҷавонон чораҳои зарурӣ меандешад;
- якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ баҳри шуғлнокии ҷавонон, таъсиси ҷойҳои иловагии кор, инчунин фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, касбу ҳунаромӯзӣ ва забономӯзӣ мусоидат менамояд.
- оид ба дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон дар доираи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад;
- самтҳои афзалиятноки фаъолияти волонтёриро муайян намуда, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳодиҳии онро амалӣ менамояд;
- дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти волонтёрии ҷавонон чораҳои зарурӣ меандешад, инчунин ҳамкории байналмилалиро оид ба фаъолияти волонтёрӣ ташкил ва амалӣ менамояд;
- маҳфилҳои стипендиантҳои ҷавонон ва ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдоштаро таъсис дода, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозад ва низомномаи онҳоро тасдиқ менамояд;
- дар асоси қонунгузорӣ фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таълимии ҷумҳуриро ҳамоҳанг намуда, баҳри баланд бардоштани самаранокии кори онҳо чораҳо меандешад;
- ҳамоҳангии фаъолияти мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ таъмин мекунад;
- ташвиқу тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба роҳ монда, барои оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш чораҳои дахддор меандешад;
- назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва баҳогузории вазъи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро амалӣ менамояд;
- якҷо бо Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди барномаи Ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад;
- роҳбарии ташкилӣ ва методии рушди тарбияи ҷисмонии аҳолӣ ва тайёр намудани варзишгарони маҳорати олиро анҷом медиҳад;
- нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд, гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро, ки аз ҷониби идораю муассиса ва ташкилотҳо ташкил карда мешаванд, ҳамоҳанг месозад.
- низомномаи гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ва ҷамъомадҳои машқиву варзиширо тасдиқ менамояд.
- аз рӯи намудҳои варзиш мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ташкил мекунад ва мегузаронад;
- бо пешниҳоди федератсияҳои варзишӣ ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба намуди варзиш тасдиқ менамояд ва иштироки онҳоро дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ якҷо бо Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
- бо пешниҳоди федератсияҳои варзишӣ сармураббии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба намуди варзиш ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- барои иштироки варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ иҷозати хаттӣ медиҳад;
- рекордҳо ва дастовардҳоро оид ба намудҳои варзиш ба қайд мегирад;
- доир ба тартиби хизматрасониҳои субъектҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш пешниҳодҳо таҳия менамояд;
- дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлати меъёрҳоро омода мекунад ва стандартҳои давлатии таҷҳизоту лавозимот ва иншооти варзиширо муқаррар мекунад;
- назорати хизматрасонии сифатнокро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш амалӣ менамояд;
- дар доираи маблағҳои мавҷуда ва дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор меъёрҳои хароҷоти либоси варзишӣ, таҷҳизот, ғизо ва таъминоти моддию техникии варзишгарон ва мураббиёнро тасдиқ менамояд;
- ҳамоҳангсозӣ ва назорати соҳавии фаъолияти муассисаҳои тайёрии варзиширо амалӣ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида аккредитатсияи муассисаҳои тайёрии варзиширо мегузаронад;
- ҷиҳати таъин намудани директорони муассисаҳои тайёрии варзишӣ розигӣ медиҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои фаъолият ба клубҳо ва толорҳои варзишии хусусӣ (фитнес-клубҳо) иҷозат медиҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида федератсияҳои варзиширо аз аккредитатсияи давлатӣ мегузаронад ва ба онҳо шаҳодатнома медиҳад;
- тартиби такмили ихтнсос ва бозомӯзии кадрҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро муқаррар менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида аттестатсияи мураббиён, роҳбарон ва дигар кормандони муассисаҳои тайёрии варзиширо мегузаронад;
- шаҳодатномакунонӣ ва таснифоти ягонаи иншооти варзиширо пеш мебарад;
- тибқи тартиби муқарраргардида таснифоти ягонаи варзиширо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намуда, варзишгарон ва дигар кормандони соҳаро бо дараҷа ва унвонҳои варзишӣ, фахрӣ ва дараҷаҳои тахассусӣ сарфароз мегардонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2018 № 346);
- ба назорати манъи истифодаи маводи барангезандаю неруафзо (допинг) дар варзиш мусоидат менамояд;
- феҳристи намудҳои варзишро пеш мебарад;
- тибқи тартиби муқарраргардида озмунҳо мегузаронад ва оид ба ҷойгиронии фармоишҳо барои таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Кумита, инчунин оид ба гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият шартномаҳои давлатӣ ба имзо мерасонад;
- таҳлили татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият анҷом медиҳад;
- мониторинг ва таҳлили амалӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият анҷом медиҳад ва дар мавриди зарурат ин функсияҳоро ба муассисаю ташкилотҳои системаи Кумита вогузор менамояд;
- функсияҳои ихтиёрдори асосӣ ва гирандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои нигоҳдории Кумита ва амалӣ намудани функсияҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда пешбинӣ гардидаанд, анҷом медиҳад;
- қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ташкил намуда, баррасии саривақтӣ ва пурраи аризаҳои хаттӣ ва шифоҳии онҳо, қабул намудани қарор аз рӯи онҳо ва дар муҳлати муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аризадиҳандагон ирсол намудани ҷавобҳоро таьмин менамояд;
- дар доираи ваколати худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;
- омодагии касбии кормандони Кумита, бозомузӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии онҳоро ташкил менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида бо мақомоти ҳокимияти давлатии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳамкорӣ менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоро оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Кумита ташаккул ёфтаанд, анҷом медиҳад;
- ваколатҳои дигареро, ки конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикнстон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намуданд, анҷом медиҳад.
Суроға: Академикҳо, Раҷабовҳо 3
Тамос: 372-21-18-29
Почтаи электронӣ: kjv@kjv.tj