Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Умед Гуреззода ба муносибати Соли нави мелодӣ - 2026 Ҳамдиёрони азиз, сокинони сарбаланду хуштолеи ноҳияи Сино! Фарорасии Соли нави мелодӣ - 2026-ро ба Шумо самимона табрик гуфта, бароятон…
Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳтарам Умед Гуреззода ба муносибати Соли нави мелодӣ - 2026
Ҳамдиёрони азиз, сокинони сарбаланду хуштолеи ноҳияи Сино!
Фарорасии Соли нави мелодӣ - 2026-ро ба Шумо самимона табрик гуфта, бароятон тандурустӣ, хонаободӣ, саодати рӯзгор, комёбиҳои нав ва рӯзгори орому осуда орзу менамоям.
Соли 2025 барои Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла барои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соли дастовардҳои назаррасу воқеан таърихӣ буд. Ин ҳама муваффақиятҳо самараи сиёсати хирадмандона, дурбинона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд, ки барои рушди устувори давлат, ободонии пойтахт ва беҳбуди сатҳу сифати зиндагии мардум заминаи боэътимод фароҳам оварданд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар соли сипаришуда бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Сино як қатор иншоотҳои таъиноти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуда, ҳамзамон ба бунёди чандин иншооти муҳими дигар санги асос гузошта шуд. Ин тадбирҳо симои ноҳияро боз ҳам зеботар намуда, барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дар навбати дигар, таҳти сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд ва бо ин васила нуфузу эътибори ноҳия, пойтахт ва кишвари азизамонро баланд бардоштанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ва шаҳри Душанбе корҳои ободониву созандагӣ дар саросари кишвар, бахусус дар ноҳияи Сино бо маром идома дошта, фазои зиндагии мардум сол ба сол беҳтар мегардад.
Маврид ба зикри хос аст, ки халқи сарбаланду тамаддунофари тоҷик дар соли нави меомада ҷашни муқаддаси миллии худ – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу суботи пойдор таҷлил менамояд, ки ин рӯйдоди таърихӣ бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт хоҳад шуд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, дар фарҷоми сухан ҳамаи шумо, сокинони сарбаланди ноҳияи Сино ва кулли ҳамватанонеро, ки дар дохили кишвар ва берун аз он умр ба сар мебаранд, ба муносибати Соли нави мелодӣ - 2026 самимона табрик намуда, бароятон сарбаландӣ, хонаободӣ, дили пур аз шодиву нишот ва ба Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоламон шукуфоии рӯзафзун ва сулҳу суботи ҷовидонаро таманно дорам.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!