30 декабри соли 2025 таҳти раёсати Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино муҳтарам Умед Гуреззода Иҷлосияи чорумии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар Иҷлосия…
30 декабри соли 2025 таҳти раёсати Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино муҳтарам Умед Гуреззода Иҷлосияи чорумии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар Иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ ва дигар шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Сино иштирок намуданд.
Нахуст тибқи рӯзномаи Иҷлосия ҳисоботи муовини якуми Раиси ноҳияи Сино Беҳрӯз Искандарзода оид ба фаъолияти иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2025 баромад намуд.
Дар навбати дигар, Хуршед Давлатзода, сардори раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино баромад намуда, оид ба вазъи молиявӣ, иҷрои буҷет ва истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатӣ маълумот пешниҳод намуда, ҳаҷми буҷети давлатиро дар ноҳия барои тасдиқ ба вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳод намуд.
Дар фарҷоми иҷлосия масъалаҳои баррасишуда муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар масъалаҳои ҷорӣ муҳтарам Умед Гуреззода ба масъалаҳои тақвият бахшидани корҳои ободонӣ, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии насли наврасу ҷавон, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ибрози назар карданд.
Гуфта шуд, ки бояд то фаро расидани 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамаи иншоотҳои банақшагирифташуда бо сифати баланд ба анҷом расонида шаванд.