29 декабри соли ҷорӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ва дар фазои идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, хосатан, Раиси ноҳияи…
29 декабри соли ҷорӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ва дар фазои идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, хосатан, Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Умед Гуреззода, муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Нурҷаҳон Исмоилзода, муовини якум, муовинони Раиси ноҳияи Сино, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, ҳамчунин ҳайати васеи меҳмонон, фаъолон ва сокинони ноҳияи Синову шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Умед Гуреззода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода сокинону меҳмононро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик намуда, аз дастовардҳои назарраси соли сипаришуда ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки соли 2025 дар маҷмуъ барои сокинони пойтахт ва кишвар соли бобарор ва пур аз комёбиҳо арзёбӣ мегардад.
Зикр шуд, ки ҳамаи ин муваффақиятҳо ва пешрафтҳо самараи сиёсати хирадмандона, созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дастгириҳо ва ташаббусҳои созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд, ки барои рушди устувори пойтахт ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи устувор фароҳам овардаанд.
Ҳамчунин дар ҷараёни чорабинӣ иброз гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино минбаъд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат, ободонӣ, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинон, дастгирии ҷавонон ва рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг тадбирҳои мушаххасро амалӣ хоҳад намуд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангини консертӣ, сурудҳо, рақсу таронаҳои идона, баромади ҳунармандон ва намоишҳои ҷолиб идома ёфта, ба ҳозирин руҳу илҳоми тоза бахшид. Сокинону меҳмонон аз баргузории чорабинии идона изҳори қаноатмандӣ намуда, бо орзуҳои нек соли навро истиқбол гирифтанд.