Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 январи соли 2026, №АП-952 оид ба “Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ санаи 8 ноябри соли 2026 дар Бозори Меҳргони шаҳри Душанбе “Фестивали картошкапарварон ва намоишу фурӯши картошка” баргузор гардид.
Дар Фестивал картошкапарварон Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, кишоварзони шаҳру ноҳияҳо ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Зимни баромади хеш Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ба кишоварзон ва иштирокдорони чорабиниро барои фаъолияти беҳтарин ва дастовардҳои шоиста дар соҳаи кишоварзӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудан изҳори сипос намуда, оиди ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан рушди соҳаи картошкапарварӣ дар мамлакат ибрози назар карданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тарғиби рушди маҳсулот, муаррифии дастранҷи деҳқон, мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии илм бо истеҳсолот мебошад. Ҳамзамон барои сокинони пойтахт ва иштирокдорон намудҳои гуногуни картошка ва хӯрокҳои омодашуда аз он ба намоиш гузошта шуда, инчунин ярмаркаи фурӯши картошка барои харидорон бо нархҳои дастрас пешниҳод карда мешавад.
Бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар майдони 68 ҳазор гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 3,6 ҳазор гектар зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.10.2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 1 миллиону 31 ҳазору 647 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 135128 тонна зиёд мебошад.
Дар фарҷом барои номинатсияҳои беҳтарин ва иштироки фаъолона бо Диплому Сипоснома ва туҳфаҳо ва ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда гардиданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон