Дар идомаи сафари корӣ намояндагони Кумита таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод аз рафти корҳои сохтмонии толори варзишии Ҷамоати Чилдараи ноҳияи Сангвор дидан намуданд.
Дар рафти боздиди гурӯҳи кориро раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода ва дигар ашхоси масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамроҳӣ намуданд.