Раиси Кумита вазъи баргузории фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола”, бунёди иншооти бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавриди истифода қарор гирифтаанд, вазъи таъмини ҷамоатҳо бо биноҳои маъмурӣ ва биноҳои маъмурии ҷамоатҳоеро, ки дар соли 2024 сохта мавриди истифода қарор гирифтаанд, инчунин чор ҷамоати навтаъсис, ҷамъоварии маълумоти арзёбии вазъи натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар семоҳаи аввали соли 2025, иҷрои созишномаҳои ба тасвибрасида, махсусан бо шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба тасвибрасида, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҷаласаи Ҳайати мушовара, нақшаи кории солона, нимсола, ҳафтаинаи Кумита ва протоколҳои машварати назди Раиси Кумитаро мавриди пурсиш ва таҳлил қарор дода, дар ин замина барои вусъати корҳо ва иҷрои саривақтии онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод ва дар асоси масъалаҳои мавриди таҳлил ҷарор гирифта протокол таҳия ва дастраси воҳидҳои сохтории Кумита гардид.