«РУШДИ СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ ДАР ПАЁМ»
Таҳти ин унвон имрӯз дар Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур бо мақсади…
Таҳти ин унвон имрӯз дар Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳкими заминаи ҳуқуқию меъёрӣ ва баланд бардоштани сифати омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат доир карда шуд.
Дар кори ҳамоиш муовини раиси Кумита Алишер Ализода, роҳбарият, кормандону омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Алишер Ализода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид кард, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ барои рушди таҳсилоти касбӣ самтҳои мушаххасро муайян намуда, ба масъалаҳои мутобиқ намудани омӯзиш ба талаботи иқтисоди миллӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими робита бо бозори меҳнат аҳамияти хоса медиҳад.
“Бозори меҳнати муосир аз мутахассисон дониши назариявӣ, малакаҳои амалӣ, қобилияти мутобиқшавӣ ва омодагӣ ба омӯзиши пайвастаро талаб мекунад. Корфармоён имрӯз бештар ба он ҷавононе таваҷҷуҳ доранд, ки касбро дар амал аз худ кардаанд, бо техника ва технологияҳои нав ошно ҳастанд ва метавонанд зуд ба равандҳои истеҳсолӣ ворид шаванд. Дар ин замина, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бояд аз шакли анъанавии омӯзиш берун баромада, ба таълими амалӣ, таҷрибаомӯзӣ дар истеҳсолот ва рушди салоҳиятҳои касбӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд”, - гуфт Алишер Ализода.
Дар идомаи ҳамоиш Ҷамолиддин Назарзода, муовини сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбии Кумита, суханронӣ намуда, иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мутобиқ намудани ихтисосҳо ва барномаҳои таълимӣ ба ниёзҳои воқеии иқтисоди миллӣ мебошад. Рушди соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт, хизматрасонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ талаб мекунад, ки рӯйхати касбҳо ва муҳтавои таълим пайваста навсозӣ гардад. Дар ин раванд, ҳамкории зич бо корхонаҳо, ташкилотҳо ва бахши хусусӣ аҳамияти ҳалкунанда дошта, имкон медиҳад, ки барномаҳои таълимӣ бо талаботи бозори меҳнат мувофиқ гарданд.
Сипас, Зинатшо Иматшоев, директори Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе, баромад карда, қайд намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати афзоянда, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бояд ба низоми пешгӯии бозори меҳнат таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Омӯзиши тамоюлҳои рушди иқтисод, таҳлили талаботи корфармоён ва истифодаи маълумоти оморӣ имкон медиҳад, ки тайёр намудани кадрҳо бо назардошти ниёзҳои воқеии бозор ба роҳ монда шавад. Ин раванд бояд пайваста ва системавӣ буда, ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати таълимии муассисаҳо пазируфта шавад.
Ҳамзамон, дар идомаи ҳамоиш Шаҳло Сироҷова, директори Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе ва Неъматулло Фаттоев, директори Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе доир ба паҳлӯҳои мухталифи Паёми навбатии Пешвои миллат маърӯза карданд.
Иштирокчиён дар маърӯзаҳои худ масъалаҳои рушди инфрасохтори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, такмили барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунарҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла соҳаи нақлиёти роҳи оҳанро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати боз ҳам самаранок татбиқ намудани дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ироа гардиданд.
Дар хотима муовини раиси Кумита таъкид кард, ки рушди ин соҳа омили муҳими таъмини ҷойҳои корӣ, коҳиши бекорӣ ва пешрафти иқтисоди миллӣ мебошад.