ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026
ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026 8 январи соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои…
ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026
8 январи соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Академия дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 ҷаласа баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Салим Зоҳир, муовини Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Аҳмадзода Баҳром Раҷаб, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, Раиси Иттифоқи касабаи кормандони КАС Миралӣ Сафаров, олимон, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон ва магистрантон, иштирок доштанд.
Нахуст президенти АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло аз натиҷаи фаъолияти солонаи муассисаҳои илмии Академия ҳисобот дода, аз ҷумла қайд намуданд, ки олимони муассисаҳои илмии Академия корҳои илмию тадқиқотиро тибқи 61 мавзуи фармоишӣ, 7 барномаи байналмилалӣ ва 1 лоиҳаи Фонди президентии тадқиқоти бунёдӣ амалӣ намуда, соҳиби 6 патенту нахустпатент, 17 шаҳодатномаи ихтироъкорию ҳуқуқи селексионерӣ, 1 қарор дар бораи додани нахустпатент, 8 хабарномаи мусбат гардида, 3 арзнома барои гирифтани нахустпатент пешниҳод намудаанд.
Инчунин, 5 навъи зироатҳои кишоварзии офаридаи олимони Академия, аз ҷумла 1 навъи пахтаи миёнанах, 3 навъи гандум ва 1 навъи ҷуворимакка бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақабоб гардида, 1 навъи пахтаи миёнанахи гурӯҳи тезрас ва 1 навъи дарахти мевадиҳанда, 2 нави ангур, 1 навъи помидор, 1 навъи шалғам ва 1 навъи турб ба Комиссияи мазкур барои омӯзиш супорида шудааст.
Оид ба масъалаҳои ҳифзи замин аз таназзулшавӣ, тарҳрезии меъёри самараноки истифодаи нуриҳо, беҳдошти ҳолати мелиоративии замин, баландбардории ҳосилхезии хок корҳои илмию тадқиқотӣ гузаронида, балли бонитетии хокҳои хокистарранги сафедчатоби ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, хокҳои ҷигарранги кӯҳии карбонатии ноҳияи Ёвон ва хокҳои хокистарранги бур, реггил ва реггили биёбонии ноҳияи Шаҳритус муайян карда шуд. Бори аввал тавассути аксҳои кайҳонӣ ва сохти рақамии DEM харитаи хоки минтақаи Кӯлоб (ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод) рақамӣ гардид.
Дар самти чорводорӣ корҳои илмию тадқиқотиро барои беҳтар намудани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии зоту типҳои чорвое, ки дар ҷумҳурӣ парвариш меёбанд равона намуда, бо мақсади ба даст овардани насли сермаҳсули буққаҳои зотӣ ва авлоди дорои қобилияти баланди маҳсулнокии ширидоштаи говҳои зоти алои тоҷикӣ аз хоҷагии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор интихоб ва ба хоҷагиҳои минтақа барои беҳтар намудани корҳои селексионӣ пешниҳод гардиданд. Оид ба офаридани гӯсфанди типи “Ғузнӣ”-и зоти ҳисорӣ ва бузҳои серпашми ранга ва дурагаи бузҳои ширӣ ҳуҷҷатҳои селексионӣ омода гардидааст.
Дар самти тибби ветеринарӣ соҳиби 1 нахустпатент ва 3 шаҳодатномаи муаллифӣ оид ба ихтирои «Маводи «Акарафид» барои пешгирӣ ва табобати канаҳои занбӯри асал гардида, инчунин қарор дар бораи додани нахустпатент ба ихтирои “Тарзи ба даст овардани ваксинаи эмулсиявӣ бар зидди исқоти ҳамли салмонеллёзии гӯсфандон” гирифта шудааст.
Барои таъмини амнияти биологӣ, баҳодиҳӣ, таҳлил ва идоракунии таҳдидҳои биологӣ ҳолати эпизоотии ҷаҳон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбат ба бемориҳои сироятиву инвазионии чорвои калону хурди шохдор ва парандагон омӯхта, таҳлил карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо истифода аз штаммҳои микроорганизмҳои маҳаллӣ ба миқдори 1 миллиону 78 ҳазор воя ваксинаҳо истеҳсол карда, дастраси хоҷагидорон гардонида шуд.
Олимони Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзӣ аз ҷониби Маркази миллии патенту иттилоот барои ихтирои 4 намуд мошинолоти миёнаҳаҷм ва хурдҳаҷми кишоварзӣ, аз ҷумла “Тухмипошаки универсалии миёнаҳаҷми УКС-2,4” барои кишти зироатҳои каландшаванда бо воридсозии нуриҳои минералӣ, “Ҷӯяккашаки хурдҳаҷми табақшакл” барои коркарди хоки байни қаторҳои зироатҳои каландшаванда “Култиватори хурдҳаҷми ККЯ-1” барои коркарди яклухти хок ва “Култиватори чизелии КЧС-2,0” барои коркарди хоки байни қаторҳои ангурбоғ бо ғизодиҳии дохилихокӣ нахустпатент дода шуд.
Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар бахшҳои магистратура 84 нафар, докторантура PhD - 49, аспирантура - 25 нафар ва унвонҷӯй 44 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 24 нафар рисолаи илмӣ, аз ҷумла 7 рисолаи докторӣ, 17 рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, 18 нафар магистратура ва 13 нафар докторантура PhD-ро хатм намуданд. Дар самти тайёр кардани кадрҳои илмӣ шуроҳои диссертатсионӣ дар назди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Институти тибби ветеринарӣ ва Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 10 рисолаи илмӣ дифоъ гардид.
Сипас, аз рӯи масъалаи якуми ҷаласа директорони институтҳои иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ академик Ҷалил Сафар, масоили амнияти биологӣ ва биотехнология Абдуллоев А.О., хокшиносӣ ва агрохимия Бобохониён З. Қ. ҳамзамон академикҳои АИКТ Комилзода Д.Қ. ва Ахмедов Т.А. ба музокира баромада, ҳисоботи пезиденти АИКТ Амонулло Салимзодаро мусбат арзёбӣ карда, барои беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои илмӣ пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Зимни баромад сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Салим Зоҳир фаъолияти АИКТ-ро дар соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ карда, қайд намуд, ки новобаста ба шароити номусоиди иқлими соли равон муассисаҳои илмии Академия корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва истеҳсолиро хуб ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд. Натиҷаи ин буд, ки Президенти ҷумҳурӣ дар Паёми навбатиашон ба кишоварзони мамлакат минатдорӣ изҳор намуданд.
Сипас, муовини Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Аҳмадзода Баҳром Раҷаб зимни баромад иброз дошт, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон гардидааст.
Аз ин лиҳоз, муассисаҳои илмӣ ва зерсохторҳои онро зарур аст, ки корҳои илмию тадқиқотӣ ва ободонию созандагиро тибқи нақшаи тасдиқгардида бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар ба роҳ монда, ин ҷашни муқаддасро бо натиҷаҳои арзанда пешвоз гиранд.
Дар анҷоми баромад ҳисоботи пезиденти АИКТ Амонулло Салимзодаро мусбат арзёбӣ карда, барои беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои илмӣ пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, зимни баромад худ қайд намуд, ки ҳисоботи президенти Академия мухтасар ва тамоми ҷабаҳои соҳаи кишоварзиро дар бар гирифта, онро мусбат арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, барои беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои илмии Академия олимони Донишгоҳ бо мақсади таъмин намудан бо кадрҳои илмӣ омодаанд ҳамкориҳоро вусъат бахшанд.
Дар фарҷом президенти АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло ва меҳмонон, олимону мутахассисони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои дастовардҳо дар рушди илми кишоварзӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, инчунин ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ҷамъиятию ободонӣ дар соли 2025, бо диплом, сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.