12.11.2025 Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи Муколамаи занон – неруи тавонои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Маҷидзода Сарвиноз ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Мусоҷонзода Ҷамила иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки баланд бардоштани нақши занон дар Осиёи Марказӣ на танҳо омили рушди ҷомеа, балки гарави сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ буда, муколамаи мазкур ҳамбастагӣ ва ҳамкории занонро ба сатҳи нав мебарад.
Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки Муколамаи занон майдони муҳимми минтақавӣ барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, табодули таҷриба ва пешбурди масъалаҳои баробарҳуқуқӣ ва иштироки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёт гардидааст. Барои мо, намояндагони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ин муколама аҳаммияти хоса дошта, инъикосгари ҳадафҳои кишварҳои мо дар татбиқи Эъломияи Пекин ва Платформаи амал, инчунин Уҳдадорӣ ба Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор мебошад, ки дар маркази он инсон, оила ва некӯаҳволии ҷамъиятӣ қарор доранд. Ин вохӯрӣ шаҳодати равшани он аст, ки ҳамкорӣ ва ҳамбастагии занон – неруи тавонои минтақа барои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои мо заминаи устувор мебошад.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаҳои таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари занону мардонро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ баррасӣ менамояд. Таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон маҷмуи тадбирҳое, ки ба густариши иштироки занон дар ҳаёти сиесӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа равона шудаанд, пайваста амалӣ карда мешаванд.
Бовар дорам, ки таҳкими ҳамкориҳои парлумонӣ, табодули таҷрибаҳои пешқадам, ташкили барномаҳои минтақавии дастгирии роҳбарияти занон гарави пешрафти минбаъда дар расидан ба Ҳадафҳои Эъломияи Пекин ва Ҳадафҳои Рушди Устувор хоҳад буд, - зикр намуд Мавсума Муинӣ.