ЛЕВАКАНТ: ВОХӮРӢ БО НАМОЗГУЗОРОН ОИД БА ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ
13 март, муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон бо намозгузорони масҷиди маҳаллаи Обшорони ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" тибқи усули "Масҷид ба масҷид" вохӯрӣ баргузор намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла тарбияи дурусти…
13 март, муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон бо намозгузорони масҷиди маҳаллаи Обшорони ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" тибқи усули "Масҷид ба масҷид" вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла тарбияи дурусти ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ, мубориза бо бегонапарастӣ ва дигар падидаҳои номатлуби ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки имрӯз ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини амният ва суботи ҷомеа аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баландро талаб менамояд.
Муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон дар суханронии худ таъкид намуд, ки аҳли ҷомеа, бахусус калонсолон ва фаъолони маҳалла бояд дар тарбияи насли наврас саҳми фаъол гузошта, ҷавононро аз ҷиноят, омилҳои номатлуб, зиёдаравӣ, хурофотпарастӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ ҳифз намоянд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон ва наврасон, мунтазам ба роҳ монда шавад.
Дар идомаи вохӯрӣ таъкид шуд, ки риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти танзими фаъолияти масҷидҳо ва иҷрои талаботҳои қонун, аз ҷумла роҳ надодан ба ҳузури ноболиғон дар масҷидҳо, амри муҳим буда, барои нигоҳ доштани тартибот ва суботи ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми мулоқот намозгузорон андешаҳои худро иброз дошта, омодагии худро ҷиҳати саҳм гузоштан дар пешгирии омилҳои номатлуб ва ҳифзи арзишҳои миллӣ баён карданд.