10-уми март, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии ЛКСК-и шаҳри Левакант бо иштироки роҳбарону намояндагони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳалла, муллоэмомҳои масҷидҳои амалкунанда ва дигар масъулон маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа раиси шаҳр ҳозиринро бо рӯзномаи машварат шинос намуда, қайд кард, ки дар кори ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла, баррасии супоришҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии амнияти миллӣ, рафти иҷрои қисми даромади буҷет, омодагӣ ба чорабиниҳо бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ, рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ба рӯзнома ворид гардида буданд.
Раиси шаҳр дар баромади худ аз чорабиниҳои ҳафтаи гузашта ёдовар шуда, ба масъулоне, ки чорабиниҳои фарҳангӣ ва аёдати собиқадоронро ташкил намудаанд, изҳори миннатдорӣ кард. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳафтаи гузашта бо иштироки котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ҷаласаи Шӯрои вилоятии ҳамоҳангсозии амнияти миллӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими таъмини амнияти ҷомеа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯз пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ вазифаи муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Қайд карда шуд, ки новобаста аз корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳои таблиғи ғайриқонунии таълимоти динӣ ва фаъолияти шахсони худхонда ба назар мерасад, ки метавонад боиси гумроҳшавии наврасону ҷавонон гардад.
Раиси шаҳр таъкид намуд, ки пешгирии ҷиноят, бахусус ҷиноятҳои хусусияти террористидошта, танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки ҳар як шаҳрванд бояд дар таъмини амнияти ҷомеа саҳм гузорад. Дар ин замина ба раисони кумитаҳои маҳалла ва муллоэмомҳо дастур дода шуд, ки зимни вохӯриҳо ва мавъизаҳо мардумро огоҳ намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд.
Дар идомаи маҷлис масъалаи баргузории ибодатҳои моҳи шарифи Рамазон низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Қайд гардид, ки дар шаҳр 10 масҷиди амалкунанда фаъолият намуда, намози таровеҳ дар онҳо баргузор мешавад. Таъкид гардид, ки иҷрои суннатҳои дини мубини ислом дар доираи қонун бояд ба роҳ монда шуда, аз зиёдаравӣ пешгирӣ карда шавад.
Ҳамзамон дастур дода шуд, ки фитри рӯза тибқи тартиби муқарраргардида ба ятимон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат расонида шавад.
Дар ҷаласа масъалаи омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ низ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Тибқи супориши протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои наврӯзӣ аз 20 март то 20 апрел дар саросари кишвар баргузор мегарданд. Дар шаҳри Левакант низ нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ тасдиқ гардида, мувофиқи он дар ҳамаи маҳаллаҳо ва деҳаҳо чорабиниҳои идона баргузор карда мешаванд.
Ба муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва дигар масъулон супориш дода шуд, ки иҷрои нақшаи мазкурро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ҳамчунин бахши фарҳанг ҳамчун масъули асосӣ барои ташкили чорабиниҳои наврӯзӣ муқаррар гардид.
Дар ҷаласа масъалаи тозагиву ободонӣ ва омодасозии кӯчаву маҳаллаҳо ба идҳо низ баррасӣ гардид. Раиси шаҳр аз иҷро нашудани баъзе супоришҳои қаблӣ, аз ҷумла бартарафсозии куму санг ва дигар ашёҳои дар кӯчаҳо гузошташуда изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулон дастур дод, ки корҳои мазкурро фавран ба анҷом расонида, оид ба корҳои иҷрошуда бо суратгузориш маълумот пешниҳод намоянд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет, пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ ва таъмини пардохти нафақа мавриди муҳокима қарор гирифт. Ба масъулони соҳаи андоз ва молия супориш дода шуд, ки ҷамъоварии андоз ва иҷрои нақшаи буҷетро ҷиддӣ назорат намоянд.
Ҳамчунин рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки кишти зироатҳо бояд мутобиқи дурнамои пешбинишуда ба роҳ монда шавад. Бо назардошти боришоти имсола барои нигоҳ доштани намии замин шудгор ва омодасозии заминҳо ба кишт сари вақт анҷом дода шавад.
Дар фарҷоми маҷлис ба масъулони дахлдор як қатор супоришҳо дода шуд. Аз ҷумла, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, ташкили вохӯриву суҳбатҳо бо аҳолӣ, беҳтар намудани корҳои тозагиву ободонӣ, омодагии ҳамаҷониба ба ҷашнҳои Иди саиди Фитр ва Наврӯзи байналмилалӣ, инчунин ташкили чорабиниҳои идона дар ҳамаи маҳаллаҳо ва деҳаҳои шаҳр таъкид гардид.
Дар анҷоми ҷаласа раиси шаҳр иброз дошт, ки иҷрои ҳамаи масъалаҳои баррасишуда таҳти назорати шахсии роҳбарияти шаҳр қарор дода мешавад.