Дар натиҷаи боришоти шадиди борон дар як қатор минтақаҳои кишвар ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуданд.
Фурӯравии замин дар ноҳияи Ёвон
Субҳи 3 май, тахминан соати 04:30, дар деҳаи 8-марти ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон фурӯравии замин ба амал омад.
Дар натиҷа таҳхонаи 1 хонаи истиқоматӣ пурра фурӯ рафта, анбори нигоҳдории ангишти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 зарар дид. Ҳамзамон, 9 хонаи истиқоматӣ ва 1 бунгоҳи тиббӣ зери хатари фурӯравӣ қарор доранд.
Сел дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
2 май, тахминан соати 18:10, дар деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бар асари боришоти шадид сел фаромад.
Дар натиҷа канали “Баҳористон” ба масофаи 100 метр рахна шуда, роҳи автомобилгарди маҳаллӣ ба масофаи 50 метр фурӯ рафт. Ба 7 хонаи истиқоматӣ таҳдид ба вуҷуд омада, 48 нафар сокинон (7 хоҷагӣ) ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд.
3 май, тахминан соати 05:00, дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ сел ба қайд гирифта шуд.
Дар натиҷа ба заминҳои кишоварзӣ зарар расонида шуд:
1 гектар замини ҷав, 0,3 гектар картошка ва 70 гектар пахта зери обу лойқа қарор гирифтанд.
Бартарафсозии оқибатҳо ва баҳодиҳии зарар
Дар маҳалли ҳодисаҳо воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва наҷотдиҳандагон фаъолият доранд.
Корҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода идома дошта, комиссияҳои дахлдор баҳодиҳии ҳаҷми зарари расидаро анҷом медиҳанд