ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ МАЪЮБОН
Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем”.…
Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем”.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола санаи 3-юми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон дар саросари ҷаҳон муайян карда шудааст.
Бо ин мақсад дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмиллалии маъюбон чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, собиқадорону фаъолони шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши маҳсули дастони нафарони имконияташон маҳдуд, ки ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуда ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд.
Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, аз дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти мамлакат Азии Иброҳим нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд ёдовар шуданд.
Дар идома роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ба як қатор мутахассисон барои саҳми арзанда гузоштан дар тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд, риояи меъёрҳои Қонуну Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияити давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим намуд.
Дар ин руз ба беш аз 200 нафар шахсони имконияташон маҳдуд дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои хотиравӣ супорида гардид.
Дар интиҳои чорабинӣ кормандони Бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи омоданамудаи худро пешкаши меҳмонон намуданд.
Мавриди зикр аст, ки волидону пайвандони шахсони имконияташон маҳдуд аз ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳбаланд гардида, бо шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву шароиту имкониятҳои мавҷуда,худ низ баҳри хушбахтиву саодати маъюбон саъю кӯшиши бештар менамоянд.
Бахши бойгонӣ- матбуотии МИҲД шаҳри Кӯлоб