КОНСТИТУТСИЯ- ҲУҶҶАТИ МУҲИМТАРИНИ ҲУҚУКӢ ВА САРНАВИШТСОЗ
Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар побарҷойии давлат ва низоми идоракунии он нақши…
Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар побарҷойии давлат ва низоми идоракунии он нақши ҳалкунанда бозид.
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз 6-ноябри соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб бахшида ба 31-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ-фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим, роҳбарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон, собиқадорон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва хонандагону донишҷӯёни донишгоҳу колеҷу муассисаҳои таълимии шаҳр, намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пеш аз оғози чорабинӣ ҳайати меҳмонон аз намоиши китобии китобхона ва муассисаҳои касбии миёнаи шаҳри Кӯлоб дидан намуданд.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ нахуст раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, ҳамагонро ба ин муносибат табрику таҳният гуфтанд. Ҳамзамон иброз доштанд, ки санаи 6-уми ноябри соли 1994 бори нахуст дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Дар ҳамон лаҳзаи ҳасоси таърихӣ қабули Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ, таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳила барои гузоштани аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
Роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, вазири нақлиёти кишвар муҳтарам Азим Иброҳим дар идомаи чорабинӣ суханронӣ намуда, дарҷ намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - сaнaди олии ҳуқуқии дaвлaт будa, aсосҳои сохтори конститутсионии дaвлaт вa ҷомеa, вaзъи ҳуқуқии шaҳрвaндон, ҳуқуқи интихобот вa низоми интихобот, тaрзи тaшкил вa фaъолияти мaқомоти дaвлaтӣ, мaқомоти худидорaкунии шaҳрaк вa деҳотро мустaҳкaм менaмояд. Конститутсия дaр сохтори дaвлaтдории Тоҷикистон мaрҳилaи нaви тaърихӣ оғоз гaрдида, он моро бa дигaргуниҳои aзими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фaрҳaнгӣ вa созaндaгиву бунёдкорӣ рaҳнaмоӣ мекунад.
Муҳиддинзода Баҳодур-раиси суди шаҳри Кӯлоб дар суханронии худ иброз доштанд, ки дар воқеъ, нақши Конститутсия дар таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлату миллат калон буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро чунин маънидод намудааст: “Роҳи моро сӯи ояндаи неку босаодат санади муқаддаси миллатамон - Конститутсия равшан месозад”.
Ба муносибати 31-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якқатор мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони онҳо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
Дар охир барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ Сурайё Қосимова, Шуҳрат Сайнаков ва ҳунармандони шаҳри Кӯлоб, ки тараннумгари ватандӯстиву хештаншиносӣ буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб