ТАҚВИЯТИ ПОЙГОҲҲОИ ТЕХНИКИИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ БО ТАҶҲИЗОТҲОИ МУОСИРИ МУШОҲИДАВӢ
Имрӯз, 29 сентябр дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону муҳаққиқон маросими муаррифии дастгоҳҳои нави…
Имрӯз, 29 сентябр дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону муҳаққиқон маросими муаррифии дастгоҳҳои нави мушоҳидавӣ баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки дар заминаи дастуру супоришҳо ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як қатор дастгоҳу таҷҳизоти муосири мушоҳидавӣ барои насб ва истифода дар Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох ва Расадхонаи астрономии Ҳисор дастрас гардид.
Дар маҷмуаи таҷҳизоти дастрасгардида, аз ҷумла, CCD (Charge-Coupled Device), чархаи филтрҳо (Filter Wheel) ва маҷмуаи филтрҳои рангаи UBVRI, инчунин филтрҳои фарохмаҷро ва тангмаҷрои астрономӣ шомил мебошанд. Таҷҳизоти мазкур барои гузаронидани мушоҳидаҳои муосири астрономӣ, гирифтани маълумоти рақамӣ ва анҷом додани таҳқиқоти астрометрӣ, фотометрӣ ва дигар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ пешбинӣ шудаанд.
Таъкид гардид, ки CCD (Charge-Coupled Device) — дастгоҳи нимноқилии барқӣ буда, барои қабул, табдил ва сабти рақамии афканиши электромагнитӣ истифода мешавад. Он яке аз унсурҳои асосии системаҳои муосири мушоҳидавии астрономӣ ба ҳисоб меравад. Дастгоҳи CCD аз массиви зиёди элементҳои ҳассос — пикселҳо иборат буда, ҳангоми ба сатҳи он афтодани фотонҳо энергияи рӯшноиро ба заряди электрикӣ табдил медиҳад. Заряди дар ҳар як пиксел ҷамъшуда баъд аз анҷоми экспозитсия пайдарпай хонда шуда, тавассути табдилдиҳандаи аналогӣ-рақамӣ ба маълумоти рақамӣ табдил дода мешавад. Дар натиҷа тасвири рақамии объекти осмонӣ ҳосил мегардад.
Дастгоҳи мазкур барои гирифтани тасвирҳои рақамии объектҳои осмонӣ, муайян намудани координатаҳои ҷирмҳои осмонӣ, гузаронидани мушоҳидаҳои астрометрӣ, чен намудани равшании объектҳо, мушоҳида ва таҳқиқи астероидҳо ва кометаҳо, омӯзиши объектҳои наздизаминӣ, сабти тағйирёбии равшании ситораҳо ва гузаронидани мушоҳидаҳои спектроскопӣ истифода мешавад.
Муҳимтарин бартарии дастгоҳи CCD дар он аст, ки он метавонад нури хеле заифи объектҳои осмониро дар экспозитсияҳои нисбатан дароз ҷамъ намуда, онро бо ҳассосияти баланд ба сигнали рақамӣ табдил диҳад. Маълумоти гирифташуда барои коркарди компютерӣ ва таҳлили илмӣ дастрас мегардад. Барои баланд бардоштани сифати мушоҳидаҳо CCD-ҳои астрономӣ одатан бо системаи хунуккунӣ таъмин карда мешаванд.
Паст кардани ҳарорати детектор ҷараёни торик ва садои электрониро кам намуда, имконияти сабти объектҳои камнурро беҳтар мекунад.
Қайд гардид, ки принсипи кори дастгоҳи CCD чунин аст: нури объекти осмонӣ тавассути телескоп ва системаи оптикӣ ба CCD ворид шуда, энергияи фотонҳо ба заряди электрикӣ табдил меёбад. Пас аз анҷоми экспозитсия заряди ҷамъшуда хонда шуда, тавассути табдилдиҳандаи аналогӣ-рақамӣ ба маълумоти рақамӣ табдил дода мешавад ва ба компютер интиқол меёбад. Дар натиҷа тасвири рақамии объекти осмонӣ ҳосил шуда, барои коркарди минбаъда ва таҳлили илмӣ истифода мегардад.
Сифати CCD бо як қатор параметрҳои техникӣ, аз ҷумла шумораи пикселҳо, андозаи пиксел, самаранокии квантӣ (QE), садои хондан (Readout Noise), ҷараёни торик (Dark Current), иқтидори максималии ҷамъшавии заряд (Full-Well Capacity), диапазони динамикӣ, диапазони спектралӣ, суръати хондани маълумот, ҳарорати корӣ ва низоми хунуккунӣ муайян карда мешавад.
Зикр гардид, ки истифодаи дастгоҳи CCD дар телескопҳои муосир имкон медиҳад, ки мушоҳидаҳои астрономӣ аз усули анъанавии аксбардории фотографӣ ба қабули мустақими рақамии маълумот гузаронида шаванд. Ин имконият барои муайян кардани мавқеи дақиқи объектҳо, омӯзиши ҳаракати онҳо ва муайян намудани тағйирёбии равшании ҷирмҳои осмонӣ аҳамияти калон дорад. Хусусан дар омӯзиши астероидҳо, кометаҳо ва дигар ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ CCD ҳамчун детектори асосии астрометрӣ ва фотометрӣ истифода шуда, маълумоти гирифташуда барои муайян кардани координатаҳо, ҳаракат ва параметрҳои физикии объектҳо коркард карда мешавад.
Дар баробари CCD, ба маҷмуаи таҷҳизоти нави мушоҳидавӣ чархаи филтрҳо (Filter Wheel) низ дохил мешавад. Чархаи филтрӣ дастгоҳи электромеханикӣ буда, дар дохили он диски даврзананда бо якчанд мавқеи филтр ҷойгир мебошад. Ҳангоми мушоҳида як филтр дар меҳвари оптикии телескоп қарор гирифта, бо фармони компютер муҳаррики қадамӣ чархро ба мавқеи дигар мегузаронад ва филтри нав ба роҳи нур ворид мешавад. Бо истифода аз чархаи автоматӣ мушоҳидаҳои пайдарпай бо филтрҳои гуногун анҷом дода мешаванд. Схемаи умумии система чунин мебошад: телескоп → филтр → камераи CCD/CMOS → компютер. Дар ҳолати истифодаи чархаи автоматӣ бошад, система бо пайдарҳамии телескоп → FLI Filter Wheel → CCD/CMOS → компютер фаъолият менамояд.
Маҷмуаи муҳими дигари таҷҳизоти дастрасгардида филтрҳои фотометрии UBVRI мебошанд. Филтрҳои UBVRI маҷмӯи филтрҳои васеъбандии оптикӣ буда, дар астрономия барои чен кардани равшании ҷирмҳои осмонӣ дар минтақаҳои гуногуни спектр истифода мешаванд. Ин система дар асоси системаи фотометрии Ҷонсон–Кузинс (Johnson–Cousins) ташаккул ёфта, яке аз системаҳои стандартии фотометрии астрономӣ ба ҳисоб меравад. Филтрҳо танҳо қисми муайяни дарозии мавҷи нурро мегузаронанд ва боқимондаи спектрро маҳдуд мекунанд.
Филтри U (Ultraviolet) асосан минтақаи ултрабунафшро бо дарозии мавҷи самараноки тақрибан 366 нм, B (Blue) минтақаи кабудро дар атрофи 436 нм, V (Visual) минтақаи намоёнро тақрибан дар 545 нм, R (Red) минтақаи сурхро тақрибан дар 641 нм ва I (Infrared) минтақаи наздики инфрасурхро тақрибан дар 798 нм фаро мегирад. Паҳнои банди гузариши онҳо мутаносибан тақрибан 65, 89, 84, 158 ва 154 нм мебошад.
Истифодаи филтрҳои UBVRI имкон медиҳад, ки андозаи ситорагӣ (magnitude) дар ҳар як банди спектр муайян карда шуда, индексҳои рангаи U−B, B−V, V−R ва R−I ҳисоб карда шаванд. Ин нишондиҳандаҳо барои таҳқиқи ҳарорати самараноки ситораҳо, ранги онҳо, сурхшавии байниситорагӣ, хосиятҳои физикии ситораҳо ва таҳлили аҳолии ситорагии галактикаҳо аҳамияти калон доранд. Дар мушоҳидаҳои CCD филтрҳои UBVRI махсусан барои фотометрияи дақиқ ва муқоисаи натиҷаҳои мушоҳидавии расадхонаҳои гуногун истифода мешаванд.
Қисми муҳими маҷмуаи навро инчунин филтрҳои фарохмаҷро ва тангмаҷро ташкил медиҳанд. Филтрҳои фарохмаҷро рӯшноиро дар фосилаи нисбатан васеи дарозии мавҷҳо мегузаронанд. Бо ёрии онҳо дурахшонии ҷирмҳо дар минтақаҳои гуногуни спектр чен карда мешавад.
Филтрҳои фотометрии низоми SLOAN/SDSS, UBVRI ва маҷмуаи LRGB ба филтрҳои фарохмаҷро шомиланд. Филтрҳои фотометрӣ барои ченкуниҳои илмии дурахшонӣ ва ранг, маҷмуаи LRGB бошад, аз ҷумла барои сохтани тасвирҳои рангаи ҷирмҳои осмонӣ истифода мешаванд.
Филтрҳои тангмаҷро танҳо қисми хеле маҳдуди спектрро мегузаронанд. Дар маҷмуаи пешниҳодшуда филтрҳои H-alpha, O-III ва S-II мавҷуд буда, барои ҷудо намудани тобиши хатҳои муайяни гидроген, оксиген ва сулфур пешбинӣ шудаанд. Мушоҳида тавассути чунин филтрҳо метавонад сохтори туманнокиҳои газӣ ва фарқияти минтақаҳои тобиши онҳоро равшантар нишон диҳад. Ҳар як филтр вазифаи муайян дошта, интихоби он ба хусусияти ҷирм ва мақсади таҳқиқоти илмӣ вобаста мебошад.
Дастрас гардидани таҷҳизоти мазкур имкониятҳои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои гузаронидани мушоҳидаҳои астрометрӣ ва фотометрӣ, таҳқиқи астероидҳо, кометаҳо ва дигар ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ, омӯзиши ситораҳои тағйирёбанда, туманнокиҳои газӣ ва дигар объектҳои осмонӣ васеъ менамояд. Ҳамзамон, истифодаи таҷҳизоти рақамии муосир имконият медиҳад, ки маълумоти мушоҳидавӣ бо дақиқии баланд ба даст оварда шуда, тавассути технологияҳои компютерӣ коркард ва барои таҳлили минбаъдаи илмӣ истифода шавад.
Бояд гуфт, ки тақвияти пойгоҳи техникии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири мушоҳидавӣ барои рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сифати мушоҳидаҳои астрономӣ ва васеъ намудани имкониятҳои Расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох ва Расадхонаи астрономии Ҳисор заминаи мусоид фароҳам меорад. Истифодаи чунин технологияҳо барои таҳкими иқтидори илмии муассиса ва рушди минбаъдаи таҳқиқоти астрономӣ дар кишвар аҳамияти муҳим дорад.