Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи таваллуд: 21 феврали соли 1965
Ҷои таваллуд:ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот:олӣ
Ихтисос: ҳуқуқшиносӣ
Рутбаи дараҷавӣ: генерал - полковники адлия
Бо мукофотҳои давлатӣ ва дигар мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст:
- Бо медали “Хизмати шоиста” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1081 аз 07.08. соли 2018.
- Бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 214 аз 23.07. соли 2021;
- Бо нишони сарисинагии “Аълочии соҳаи меҳнат, мухоҷират ва шуғли аҳолӣ” бо фармони Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 20 аз 2 сентябри соли 2021;
- Бо нишони сарисинагии “Аълочии мақомоти назорати маводи нашъаовар” бо фармоиши Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 4 за 1 июни соли 2022;
- Бо «Нишони фахрии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» дараҷаи 1 бо қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 23 ноябри соли 2023.
Вазъи оилавӣ:оиладор, соҳиби 1 фарзанд
Донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ (бо луғат)
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбӣ;
Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Прокурори вилояти Суғд;
Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори Раёсати кадрҳо ва коргузории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Прокурори шаҳри Душанбе;
Прокурори ноҳияи Фрунзеи (Сино) шаҳри Душанбе;
Прокурори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;
Сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар Вазорати амният ва Кумитаи гумруки прокуратураи вилояти Хатлон;
Муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон;
Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон;
Коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон;
Коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи шаҳри Қурғонтеппа (Бохтар);
Коромӯз дар вазифаи прокурори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Қурғонтеппа;
факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст.