Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви фраксияи Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон
2 марти соли 2025 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд
19 марти соли 2025 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб шудааст
Санаи таваллуд: 29 августи соли 1968
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ; соли 2010 факултаи иқтисодии Донишгоҳи мазкурро хатм кардааст
Ихтисос: омӯзгор, рӯзноманигор ва менеҷер
Унвони илмӣ: надорад
Забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ (бо луғат)
Ҳизбият: Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон
Фраксия: узви фраксияи Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон
Мукофотҳои давлатӣ: надорад
Вазъи оилавӣ: оиладор
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот
сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб», нашрияи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб», нашрияи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб
котиби масъули рӯзномаи «Навиди Кӯлоб», нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб
лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъмур ва мушовири ҳамоҳангсоз
котиби масъули рӯзнома «Навиди Кӯлоб», нашрияи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб
ронанда, маъмур, муҳосиб ва ёвар дар маркази татбиқи Лоиҳаи давлатии таҷдиди сектори иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
омӯзгори ММТУ-и №19 деҳаи Офтоблиқо, ҷ/д Зиракӣ, ш.Кӯлоб
котиби кумитаи комсомоли хоҷагии Ленинград (ҳозира-Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), ноҳияи Кӯлоб