Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот
Аз 2 марти соли 2025 аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Восеъ, №39 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст
19 марти соли 2025 дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, узви Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор интихоб шудааст.
Соли таваллуд: 29 апрели соли 1976
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Восеи вилояти Хатлон
Миллат: тоҷик
Маълумот: олӣ. Соли 1998 факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ; соли 2009 факултаи гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемурро хатм кардааст
Ихтисос: муаллими забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ; муҳандис – заминсоз
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ (ба воситаи луғат) ӯзбекӣ (дар сатҳи муоширати оддӣ)
Унвони илмӣ: надорад
Вакили халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум
Ҳизбият: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Фраксия: узви фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Мукофотҳои давлатӣ: Медали «Хизмати шоиста»
Мукофотҳои соҳавӣ: «Сипоснома»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон; медали «Барои ҳамкорӣ» Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рутбаи тахассусии хизмати давлатӣ: мушовири давлатии дараҷаи 2
Вазъи оилавӣ: оиладор
Почтаи электронӣ: shamsherzoda76@mail.ru, https://orcid.org/0000-0003-3250-9111
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум
мудири бахши хизматрасонии ҳайатҳои расмӣ ва чорабиниҳои протоколии Раёсати хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
сармутахассиси Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳалли Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муовини директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шаҳриёр сохтмон»
муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур
муваққатан муовини раис, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур
сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ
омӯзгори калон, мудири кафедраи забони англисии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур
и.в. вазифаи мудири кафедраи забони англисии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур
ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур