Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2 марти соли 2025 аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ, №41 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст
19 марти соли 2025 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст
Санаи таваллуд: 7 октябри соли 1969
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ. Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев (1999); Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия (2011).
Ихтисос: иқтисодчӣ – муҳосиб, менеҷер, мутахассиси идоракунии давлатӣ
Унвони илмӣ: надорад
Забонҳои хориҷӣ:русӣ, англисӣ (бо луғат)
Ҳизбият: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Фраксия: узви Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Мукофотҳои давлатӣ: медали «Хизмати шоиста»; медали ҷашнии «30- солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ»; Ордени Шараф дараҷаи 2
Вазъи оилавӣ: оиладор
муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум
вакили Маҷлиси намояндагон
раиси ноҳияи Шуғнони ВМКБ
муовини Раиси ВМКБ
сардори Сарраёсати молияи ВМКБ
сармутахассиси Кумитаи назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумхурии Точикистон дар ВМКБ
мутахассиси пешбар оид ба назорати дохилӣ ва аудити шуъбаи хазинадории идораи молияи ВМКБ
сармуҳосиби шуъбаи молияи шаҳри Хоруғ
назоратчӣ – тафтишотчии РНТ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ