Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин
2 марти соли 2025 аз ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ, №30 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд
19 марти соли 2025 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб шудааст
Санаи таваллуд: 20 декабри соли 1985
Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ. Соли 2008 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур; соли 2014 аспирантураи Институти илмӣ - таҳқиқотии иқтисодиёт, меҳнат ва идоракунии назди Академияи илмҳои Федератсия Россия; соли 2018 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; соли 2023 докторантураи Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос: баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, идораи давлатӣ
Унвони илмӣ: доктори илми иқтисодӣ, профессор
Забонҳои хориҷӣ: русӣ ва англисӣ
Ҳизбият: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Фраксия: узви фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Мукофотҳои давлатӣ: Ҷоизаи давлатӣ ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавони бахши илми иқтисодӣ; Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Вазъи оилавӣ: оиладор
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин
муовини якум, муовини ректор оид ба таълими Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев
директори Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
раиси Иттифоқи касабаи кормандон ва омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷамъиятӣ)
мудири кафедраи идоракунии молияи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
декани факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур
раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон (ҷамъиятӣ)
муовини сармуҳосиби Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон
муҳосиб оид ба музди меҳнати Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон