eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
Паём – мужда аз шукуфоӣ ва иҷрои ҳадафҳои созанда
Саҳифаи асосӣ
More
Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Хабарҳо
Паём – мужда аз шукуфоӣ ва иҷрои ҳадафҳои созанда
29 декабри 2025
Паём – мужда аз шукуфоӣ ва иҷрои ҳадафҳои созанда
Имрӯз, 29.12.2025 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, 29.12.2025 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16.12.2025 ироа гардида буд, ҳамоиши васеъ таҳти унвони «Паём – мужда аз шукуфоӣ ва иҷрои ҳадафҳои созанда» баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш роҳбарият ва ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ибтидо директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими стратегӣ буда, самтҳои асосии рушди кишварро муайян мекунад ва ифодаи ғамхории давлат нисбат ба ояндаи миллат мебошад. Зикр гардид, ки дар Паём ба масъалаҳои ҳифзи фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, таҳкими арзишҳои маънавии ҷомеа ва оламшумул намудани чеҳраҳои мондагор, олимону шоирони забардаст, қаҳрамонони асили таъриху фарҳанги тоҷик таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, ин нуқтаҳо, азҷумла бо рисолати Осорхонаи миллӣ ҳамчун махзани ганҷинаҳои миллат ҳамоҳанг аст. Инчунин аҳамияти нақши муассисаҳои фарҳангӣ дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳо ва ифтихор аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид гардида, бори дигар омодагии ҳайати Осорхонаи миллиро барои иштироки фаъолона дар татбиқи самараноки ҳадафу мақсадҳои дар Паём муайянгардидаро иброз дошта, саҳми муассисаро дар рушди фарҳанг, илм ва таҳкими ваҳдати миллӣ таъкид намуданд.
Сипас, аз ҷониби як қатор кормандони муассиса дар мавзуъҳои зерин: “Паёми навбатии Пешвои миллат – омили пешбурди дипломатияи фаъоли фарҳангӣ”, “Криосфера ва аҳамияти ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағирёбии иқлим”, “Зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурӣи Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ»”, “Мақоми зан дар рушди ҷомеа аз нигоҳи Пешвои миллат”, “Паёми ҳидоятгар”, “Ҷавонон - қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа дар партави Паёми Пешвои миллат”, “Аз Марв то ЮНЕСКО - муҳаббат ба мероси Борбад”, “Конун - таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе” маърӯзаву гузоришҳо ироа гардиданд.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ миёни кормандони муассиса табодули афкор роҷеъ ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат сурат гирифта, ҳозирин иброз доштанд, ки мо аҳли фарҳанг дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчӣ бештар муаррифӣ намудани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати худро ҳамаҷониба дар сатҳи шоиста иҷро хоҳем намуд.
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
museumtj@rambler.ru
ш.Душанбе И.Сомонӣ 11
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО)