26 майи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади омодагӣ ба баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2025 семинари омӯзишӣ барои тренерҳо оғоз гардид.
Дар оғози семинар директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ бо иштирокчиён ва шахсони масъул оид ба аҳамият ва тартиби баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ суҳбат намуда, онҳоро ба саъю кӯшиши бештар ҷиҳати омодасозии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ва иҷрои босифати вазифаҳо дар ин самт даъват кард.
Пас аз омӯзиш, тренерҳо кормандони муваққатии марказҳои имтиҳониро барои ташкили раванди имтиҳонҳо ва баргузории онҳо омода месозанд.
Семинарҳои омӯзишӣ барои тренерҳо аз 26 то 27 майи соли 2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои 23 шунаванда — намояндагони шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва инчунин намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — баргузор мегарданд;
аз 29 то 30 май дар бинои бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд барои 18 шунаванда — намояндагони шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд;
аз 29 то 30 май дар бинои бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Бохтар барои 14 шунаванда — намояндагони шаҳрҳо ва ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон;
аз 29 то 30 май дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 шаҳри Кӯлоб барои 16 шунаванда — намояндагони шаҳрҳо ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор мешаванд.
32 нафар кормандони аслии Марказ ҳамроҳ бо тренерҳо дар моҳи июн семинарҳои омӯзиширо барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ дар 21 шаҳрию ноҳияи ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор хоҳанд кард.
Гурӯҳи корӣ барномаи омӯзиш, модули таълимӣ ва масолиҳи иловагӣ-ро барои ташкили семинарҳо таҳия кардааст. Пас аз ду рӯзи омӯзиш шунавандагон бо такя ба маводи омӯзонидашуда аз санҷиши тестӣ мегузаранд. Натиҷаи иштирокчиён тибқи талабот ва меъёрҳои муқарраршуда баҳогузорӣ мегардад.
Қайд кардан зарур аст, ки тибқи объяви пешакӣ барои иштирок дар озмун ҷиҳати ишғоли вазифаи корманди муваққатӣ дар ҳайси тренер 81 нафар ҳуҷҷат пешниҳод карда буданд. Пас аз омӯзиш ва санҷиш 71 нафар ба семинарҳои омӯзишӣ барои тренерҳо роҳ дода шуданд. Аз онҳо беш аз 60 нафар ҳамчун тренер интихоб гардида, ба фаъолияти муваққатӣ дар Марказ ҷалб карда мешаванд.