Хотиррасон мекунем, ки реҷаи кори нуқтаҳои бақайдгирӣ аз соати 08:00 то 16:00 муқаррар шудааст.
Тавсия медиҳем, ки шахсони хоҳишманди иштирок дар ин даври имтиҳонҳо аз ҳамин рӯзҳо барои номнависӣ истифода намоянд, зеро одатан дар ин рӯзҳо шумораи довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ кам аст. Ҳамзамон ёдрас месозем, ки то анҷоми муҳлати давраи сеюми бақайдгирии довталабон, ки 13-уми сентябрь муқаррар гардидааст, ҳамагӣ 6 рӯз мондааст.