Дар ноҳияи Лахш маҷлиси васеи назди раиси ноҳия бо иштироки доираи васеи масъулин баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2026 мавриди таҳлил қарор гирифта, ҳамзамон вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.
Дар кори маҷлис муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳо, раисони маҳаллаҳо ва намояндагони дин иштирок намуданд.
Дар оғоз аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома — «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифагузорӣ барои семоҳаи навбатӣ» — гузориши муовини раиси ноҳия Шербекзода Шоҳимардон шунида шуд. Дар рафти муҳокима бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия Амонализода Ҷаҳонбек ва муовинони раиси ноҳия Раҳимзода Носир, Абдулазиззода Насиба ва Шербекзода Шоҳимардон мубодилаи афкор ва пурсишу посухҳо баргузор гардид.
Сипас, тибқи масъалаи дуюми рӯзнома — «Дар бораи натиҷаҳои иҷрои протоколи маҷлиси васеи назди раиси ноҳия оид ба ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2025 ва вазифагузорӣ барои семоҳаи якуми соли 2026» (аз 10 январи соли 2026, №1) — гузориши роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Мирзоев Аъзам шунида шуд.
Дар идома вобаста ба пешниҳоди прокуратураи ноҳияи Лахш аз 1 апрели соли 2026, №11/375-сод 26 ва пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2026, №1.1-11/1028, ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия Саъдуллоев Кароматулло маърӯза намуд.
Дар фарҷоми маҷлис аз рӯйи масъалаҳои баррасигардида ба масъулин як қатор супоришҳои мушаххас дода шуданд, аз ҷумла:
ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона барои тоза намудани каналҳои Пиёзӣ, Зарбоғ, Саритал, Чордара, Ғулама ва Себистон;
пешгирии гаштугузори чорво дар маркази ноҳия ва заминҳои кишт ва ба роҳ мондани навбатдории подабонӣ;
вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ ва иҷрои босифати нақшаи кишти зироатҳо, махсусан картошка;
таъмин намудани деҳқонон бо техника ва мошинолоти кишоварзӣ бо нархи дастрас;
фаъол гардонидани кори шартномакунонии хизматрасонӣ барои таъмини заминҳои кишт бо оби полезӣ;
пурзӯр намудани чораҳои байторӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятии чорво;
вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар анҷоми маҷлис таъкид гардид, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои гузошташуда барои таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ноҳия аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.