Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо тамоми сокини кишвари азизамон ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.
Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён кулли мардуми Тоҷикистони азизамонро ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрику муборакбод намуда, бароятон пеш аз ҳама, тансиҳативу сарбаландӣ, хонаободӣ ва саодати рӯзгорро орзумандам.
Ва таманнои онро дорам, ки Парчами давлатии мо дар фазои сулҳу суботи Ватани азизамон, ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишвари маҳбубамонро ба суйи ояндаи боз ҳам осудаву обод ва дурахшон раҳнамоӣ созад.
Дар 34 соли соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо, ҳазорҳо иншооти муҳими истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардидаанд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳамаи ин дастовардҳо ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ободу зебо гардидани Ватани азизамон, мусоидат намуда истодааст.
Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми фарҳангсолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ, инъикос кардааст.
Таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, тоҷикон дар таърихи навини худ, бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ гардиданд ва равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангиро, бо аксари кишварҳои ҷаҳон, ба роҳ монданд.
Боиси шукргузорӣ ва ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, парафшон мебошад.
Имрӯз дар саросари ҷаҳон номи давлати Тоҷикистонро медонанд ва ба забон мегиранд.
Яъне, Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикону тоҷикистониён дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, мебошад.
Воқеъан ҳам, дар ҷаҳони муосир, соҳиби парчами миллӣ будан, яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад.
Бинобар ин, дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ, арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он, қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ба шумор меравад.
Ҳамаи кӯшишу талоши шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ эътироф ва шинохта гардида, ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба созмонҳои байналмилалӣ шомил гардид.
Бо таманнои ҳамин орзую ниятҳои нек бори дигар кули сокинони кишвари азизамонро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ – рамзи муқаддаси давлати соҳибихтиёри тоҷикон самимона табрику муборакбод гуфта, пеш аз ҳама ба ҳар сокини ватани азизамон тансиҳативу сарбаландӣ, бахту саодат, хонаи обод ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдати пойдору ҷовидона орзу менамоям.
Бигузор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доимо парафшон ва суруди миллӣ танинандоз бошад!