Бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 7 октябри соли равон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Лахш даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии "Ихтироъкорони наврас" миёни довталабони ноҳияҳои минтақаи Рашт, аз қабили ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор ва Лахш баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур муовини директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ - Асомудинзода Аҳмад иштирок намуд.
Чорабиниро муовини раиси ноҳия Абдулазиззода Н. ифтитоҳ намуда, аъзоёни комиссия ва меҳмонони ба ноҳия ташрифовардаро хайрамақдам хонда, ба якояки иштирокчиёни озмун барору комёбӣ таманно намуд.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки озмуни мазкур, ки бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ, ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», пешниҳод гардид, бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави ихтироъкору навовар дар миёни наврасони кишвар роҳандозӣ гардидааст.