Меҳнату садоқат ба меҳан ва дӯсториву пос доштани анъанаҳои миллӣ аз хислатҳои наҷибу неки инсонҳои эҷодкор маҳсуб меёбад. Чунин иқдому ташаббус дар Ҷамоати деҳоти Сайлиобод эҳсос мегардид. Сокинону хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештандорӣ субҳи санаи 25 марти соли равон ҷашни аҷдодии халқи азизамон-Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол гирифтанд.
Дар гӯшаҳои ҷашнгоҳ маҳсули дастранҷи сокинону хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат ба намоиш гузошта шуд. Дар намоишгоҳ пухту пази таомҳои миллии хонандагону бонувон, ҳамчунин, ҳунари дӯзандагии хонандагон, ки бо эҷоди хос ва касбӣ омода гардидаанд, ба намоиш гузошта шуд. Аз ҷумла, чакан, ҷӯроб, тоқӣ, атласу адрас диққати ҳозиринро ҷалб намуда, баҳои баланд гирифт.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Муродулло Додов суханронӣ намуда, сокинони ҳудуди ҷамоатро аз номи раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Холзода Каромиддин Камолиддин самимона шодбош намуданд.
Ҳунармандону хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат бо суруду рақсҳои ҷолиби қирғизию тоҷикӣ диққати ҳамагонро ҷалб намуда, тамошобинони чорабинии ҷашниро шоду мафтун сохтанд.
Дар қисмати ниҳоии чорабинӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, гӯшингирӣ миёни наврасону ҷавонон, дави миллӣ, тухмзанӣ ва дастхобонӣ баргузор гардид, ки хело ҳам ҷолибу касбӣ буд.
Ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ шоҳҷоиза ва тӯҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.