Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, соҳаи асалпарварӣ сол ба сол рушд меёбад.
Занбӯриасалпарварӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини бозори дохилӣ бо асали хушсифат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим дорад.
Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва заминаҳои мусоиди табиӣ, аз ҷумла дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани грантҳои давлатӣ занбӯрпарварони ноҳия фаъолияти худро густариш дода истодаанд.
Дар баробари зиёд намудани шумораи оилаҳои занбӯри асал, таваҷҷуҳ ба истифодаи усулҳои муоссири нигоҳубини занбӯри асал ва баланд бардоштани ҳосилнокии истеҳсолот низ бештар гардидааст. Асали истеҳсолнамудаи занбӯрпарварони ноҳия барои таъминоти аҳолӣ ва рушди минбаъдаи соҳа аҳаммияти муҳим дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ барои рушди минбаъдаи соҳаи асалпарварӣ, дастгирии занбӯрпарварон ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Рушди минбаъдаи ин соҳа метавонад дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии ноҳия саҳми назаррас гузорад.