Дар асоси фармоиши раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30.06.2026, №219/ди кори илмии сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолони…
Дар асоси фармоиши раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30.06.2026, №219/ди кори илмии сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, расман тасдиқ гардид, ба ӯ дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз руйи ихтисоси 08.00.03-Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ дода шуд.
Қобили қайд аст, ки 28.02.2026 дифои асосии рисолаи илмии сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сафарзода Сафармад Саид дар мавзӯи «Такмили механизмҳои дастгирии сармоягузории сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоии минтақа (дар асоси маводҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ)» зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодии Проффесор Бобоҷониён Даврон Дадочон барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ дар шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-013 назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо муваффақият ҳимоя кард.
Ин дастоварди арзанда натиҷаи меҳнати содиқона, дониши амиқ ва талошҳои пайвастаи Сафарзода Сафармад мебошад.
Колективи кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сафарзода Сафармад Саид ин дастоварди арзишмандро таҳният гуфта, дар роҳҳои минбаъдаи илм устуворӣ ва бурдбориҳо таманно менамоянд.