22 сентябр Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд аз филиали ширкати байналмилалии саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (Innovative Road Solutions, IRS) дар минтақаи Суғд боздид намуд. Зимни боздид Вазири нақлиёт аз номи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари филиали IRS Худодод Расулзода Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.
Худодод Расулзода бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли молу хизматрасонӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ» ба ин мукофот сазовор гардидааст.
Вазири нақлиёт ҳамчунин аз Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и вилояти Суғд боздид намуда, бо кормандони он мулоқот анҷом дод. Вазир ба кормандони соҳаи роҳсозӣ барои фаъолияти босифат изҳори сипос намуда, бо вазъи техникаи истифодашаванда барои хизматрасонии роҳҳои автомобилгард шинос шуд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки барои омодагӣ ба мавсими зимистон пешакӣ чораҳои зарурӣ андешанд, аз ҷумла ташхиси қубурҳои обгузар ва дигар унсурҳоеро, ки фаъолияти роҳҳоро дар фасли сармо таъмин мекунанд, гузаронанд ва захираи зарурии маводи зиддилағжиш, реагентҳо ва маводи сӯзишвориву молиданиро таъмин намоянд.