Имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол пур мешавад. Ин созишномаи тақдирсоз на танҳо ҷанги шаҳрвандиро хотима дод, балки пояҳои давлатдории муосири тоҷиконро гузошт ва роҳи рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварро боз намуд.
Баъд аз як давраи душвору хунин, ки кишвари моро ба гирдоби муноқишаҳои дохилӣ ва фалаҷшавии тамоми сохторҳои давлатӣ расонд, ин Созишномаи таърихӣ ба ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини амният, ва дарозмуддат - ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, хусусан бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, замина гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ба сулҳ ва субот ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа назар мекарданд, ба воситаи роҳандозии сиёсати ваҳдатофарини миллӣ тавонистанд тамоми гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро гирди як ҳадафи муштарак — созандагии давлат муттаҳид созанд.
Маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ, ки пояҳои асосии давлатдорӣ ва иқтисоди миллиро мустаҳкам кард, имкон фароҳам омад, ки садҳо ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ёфта, сатҳи шуғли аҳолӣ афзоиш ёбад. Сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ замина фароҳам овард, ки фаъолияти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ - аз иқтисод то иҷтимоиёт ва маориф то тандурустӣ - тадриҷан барқарор шуда, Тоҷикистон ба сӯи ҷомеаи устувору муосир қадам ниҳад. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои ин давра, бешубҳа, рушди бозори меҳнат ва ташкили шароити муносиб барои шуғли аҳолӣ мебошад.
Дар солҳои аввали истиқлол, хусусан дар замони ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997), бештари инфрасохтор, корхонаҳо ва заминаҳои истеҳсолот пурра аз кор бозмонда буданд. Садҳо ҳазор нафар бекор монданд ва хатари фалаҷи иқтисодӣ ба миён омад. Вале ба шарофати имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ташкили муҳити сулҳу субот, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист самтҳои калидии рушди кишвар, аз ҷумла шуғли аҳолиро ҳамчун авлавияти миллӣ муайян намояд.
Дар солҳои баъдӣ барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия ва амалӣ шуданд, ки ҳадафашон ҳалли масъалаҳои бекорӣ, такмили ихтисоси кормандон, дастгирии занон ва ҷавонон, ҳамчунин ташкили ҷойҳои кории нав дар деҳоту шаҳрҳо буд. Аз ҷумла: - Бо пуштибонии сохторҳои давлатӣ ва шарикони рушд марказҳои омӯзиши касбӣ ва барномаҳои бозомӯзии касбӣ таъсис ёфтанд; - Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна имтиёзҳои молиявӣ ва омӯзишҳо пешбинӣ гардид; - Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, энергетика ва хидматрасонӣ садҳо корхонаи хурду бузург фаъол гардиданд, ки ҳазорҳо шаҳрвандро бо шуғли доимӣ таъмин карданд; - Муҳоҷирати меҳнатӣ, ки солҳои 2000 ба авҷи худ расида буд, тавассути созишномаҳои дуҷониба ва бо дастгирии давлат шакли танзимшаванда гирифт ва ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии ҳазорҳо хонавода мусоидат намуд.
Имрӯз Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушди худ қарор дорад, ки меҳвари он — таъмини зиндагии сазовор барои ҳар як шаҳрванд мебошад. Барномаи миллии шуғл, Стратегияи рушди миллӣ то соли 2030, Консепсияи шуѓли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва дигар санадҳои муҳими давлатӣ вазифадор менамоянд, ки: - сатҳи бекорӣ паст гардад; - муҳоҷирони меҳнатӣ бо имконоти бозомӯзӣ ва бозгашт бо ҷойи кор таъмин шаванд; - ҷойҳои нави корӣ тавассути ҷалби сармоя ва рушди бахши хусусӣ бештар шаванд; - занон ва ҷавонон ҳамчун гурӯҳҳои осебпазир мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гиранд.
Ваҳдати миллӣ дар ин раванд на танҳо фазои орому муътадил барои иҷрои ин вазифаҳо фароҳам овард, балки эътимоди шаҳрвандон ба давлат ва ояндаро барқарор кард. Хулоса, Ваҳдати миллӣ ва сулҳи комил, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат - Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, заминаи ҳамаи пешравиҳо, аз ҷумла рушди бозори меҳнат ва таъмин намудани аҳолӣ бо шуғли сазовор мебошанд. Агар Истиқлол озодӣ оварда бошад, Ваҳдат имкони истифодаи пурраи он озодиро ба нафъи мардум таъмин кард.
Мо - насли имрӯз ва фардо - бояд ин неъмати гаронбаҳоро ҳифз намоем ва барои таҳкими сулҳ, рушди шуғл, баланд бардоштани сатҳи касбият ва ҳифзи ифтихори миллӣ саҳм гузорем. Танҳо дар фазои ваҳдат аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонад бо меҳнати ҳалол ва зиндагии шоиста зиндагӣ намояд.
Коршиноси миллии Лоиҳаи
Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба
Соҳаҳои маориф ва меҳнати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳ.Музафаров