Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соҳаҳои нав ва афлазиятнок барои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди муназзами ин соҳаҳо бориз аст. Маҳз Пешвои миллат асосгузори рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифгари таъриху фарҳанг ва санъату тамаддуни куҳани Тоҷикистони муосир дар ҷаҳони мутамаддин мебошанд. Сайёҳӣ на танҳо барои кишвар шуҳрат меафзояд, балки ба ҳар гӯшаи он сармоя ворид месозад, ба ҳар деҳа ободӣ меорад, ба ҳар ҳунарманд бозору даромад фароҳам меорад.
Ҳунармандӣ соҳаест, ки дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд ёфта, ба пешрафти ҷаҳонгардӣ мусоидат менамояд. Ин соҳаҳо бо ҳам алоқаманд буда, маҳсули дастранҷи ҳунармандон асосан ба меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ пешниҳод карда мешаванд. Айни замон теъдоди ҳунармандон ва навъҳои маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо рӯз аз рӯз зиёд гашта, аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат истифода намуда истодаанд.
Тибқи натиҷаҳои як пурсиш, ки миёни ҳунармандон анҷом ёфтааст, муайян карда шудааст, ки 95,5% маҳсулоти ҳунармандӣ дар фурӯш қарор доранд ва 45,1% посух додаанд, ки маҳсулоти онҳоро сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мехаранд. Аз рӯйи маълумоти оморӣ дар соли 2024-ум шумораи ҳунармандон дар кишвар 18654 нафарро ташкил медиҳад.
Имрӯзҳо туризми байналмилалӣ барои аксари мамлакатҳои тараққиёфта ва рў ба тараққӣ сарчашмаи афзоиши даромад, рушди иқтисоди миллӣ ва муҳимтарин манбаи даромади арзӣ гаштааст. Инчунин, соҳаи туризм бо иқтисодиёт ҳамчун робитаи байнисоҳавӣ амал намуда, таъсири ҷиддӣ дар иқтисодиёт ва заминасози содироти маҳсулоти маҳаллӣ мегардад.
Илова бар ин, рушди ин соҳа дари ҳамкории нави тиҷоратиро ба рӯйи кишварҳои гуногуни олам боз карда, боиси дарёфти шарикону дӯстони нав мегардад. Туризм ва муҳоҷират, бешубҳа, пешрафтатарин шакли ҳаракати одамон гашта, аксар вақт ҳамдигарро пурра мекунанд.
Тавре ки маълум аст кишвари мо низ дорои мавзеъҳои зиёди табиӣ ва таърихию фарҳангии диққатҷалбкунанда буда, ин объектҳои туристӣ ифодагари симои ҷолиби Тоҷикистон дар хориҷа мебошанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барои ҷалби туристони хориҷӣ ба кишвар, пеш аз ҳама, фазои ҳуқуқии воридот ва будубоши онҳо нақши муҳим мебозад.
Дар ин ҷараён, дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра санадҳои меъёрӣ- ҳукуқӣ барои сода намудани ташрифоти шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар ва мустаҳкам кардани пояҳои ҳуқуқии соҳаи туризм қабул гаштаанд.
Қобили қайд аст, ки бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон дар фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ барои рушди туризми фарҳангию таърихӣ, иқтидори бойи табиӣ ҷиҳати пешрафти туризми экологӣ ва имкониятҳои машғулият бо намудҳои фаъоли истироҳат дар ҷодаи инкишофи туризми варзишию кўҳнавардӣ ва муносибати некхоҳонаи аҳолӣ ифода мегардад.
Имрӯзҳо дар шароити рақобати шадид дар бозори туристии ҷаҳонӣ барои ҳар як сайёҳ, мамлакатҳои минтақа кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз фурсати ҳузур надоштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозори хизматрасониҳои туристӣ истифода бурда, гардиши потенсиалии сайёҳонро ба манотиқи худ ҷалб намоянд.
Дар ин ҷода, субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва ҳунармандиро зарур аст, ки бо дарназардошти афзудани шавқи сайёҳон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо, Осиё , Амрико, ба хусус Россия ба ҷумҳурӣ ва қонеъ намудани талаботи рўзафзуни онҳо маводи иттилоотӣ оид ба Тоҷикистон, армуғонҳо бо унсурҳои миллӣ, барномаҳо ва хатсайрҳои ҷолибро омода намуда, ба дўстдорони сайру саёҳат пешниҳод намоянд. Мавриди зикр аст, тайи солҳои охир беш аз 90% ташрифҳои меҳмонону сайёҳон ба шаҳрвандони кишварҳои ИДМ рост меояд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки муаррифии захираҳои туристӣ бо назардошти диққати махсус ба мундариҷа ва сифати иттилооти пешниҳодшаванда дар арсаи байналмилалӣ ифода меёбад.
Дар ин раванд, субъектҳои хизматрасони туристӣ ва ҳунармандӣ бояд барои тарғибу ташвиқи захираҳо ва имкониятҳои туристии кишвар дар хориҷа, инчунин барои иштироки фаъолона дар намоишгоҳҳои туристӣ ва ҳунармандӣ, ки майдони асосии тамоми мулоқоту гуфтушунидҳо ва дарёфти шарикони нави ҳамкор маҳсуб мешаванд, фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Тибқи таҷрибаи байналмилалӣ барои зуд рушд кардани сектори туристӣ ва ҷалби сармоя ба ин соҳа пеш аз ҳама корҳои доимӣ болои мукаммалкунии қонунгузорӣ бурдан зарур аст. Ин аст, ки дар вохӯриву мулоқотҳо ва паёмҳои ҳамасолаи Сарвари давлат аз рушди туризм ва манфиати он дар ҷомеа таъкид мешавад.
Мусаллам аст, ки кулли сармоягузорони ҷаҳонӣ нақшаҳои тиҷоратии худро дар асоси маълумоти эътирофшудаи байналмилалӣ амалӣ менамоянд. Тайи солҳои охир талабот ба маълумоти оморӣ оид ба соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ афзудааст. Пеш аз ҳама ин ба афзоиши рушди индустрияи туризм ва нақши он дар иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоиёт алоқаманд аст. Мавҷуд будани маълумоти омории мукаммал шароитро барои сиёсати таъсирбахши давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва тақвият додани ҷалби сармоя ба минтақаҳои мамлакат эҷод мекунанд.
Тибқи арёзбии коршиносони байналмилалии сайёҳӣ яке аз мушкилоти асосие, ки ба рушди бахши сайёҳӣ таъсир мерасонад, нарасидани мутахассисони ба қадри зарурӣ омодашуда ҳам дар бахши давлатӣ ва ҳам хусусӣ мебошад.
Коршиносони байналмилалии соҳа ба ин назаранд, ки барои он ки Тоҷикистон иқтидори пурраи сайёҳии худро амалӣ созад, ин соҳа бояд устуворона ташкил ва идора карда шавад. Бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ барои рушди сайёҳӣ ҳамоҳангсозии муассирро талаб мекунанд.
Ба ақидаи коршиносон қариб 60-70 дарсади туристон бо ибтикори худ ё дӯстон ба кишвари мо ташриф меоранд. Дар сурати хуб меҳмондорӣ шудан ва таассуроти нек бардоштан, онҳо ҳатман дӯстону шиносонашонро барои сафар ба Тоҷикистон ҳидоят месозанд.
Ҳоло кишварҳое, ки бештар ба қабули туристон машғуланд кӯшиш менамоянд, ки бо дипломатияи нарми фарҳангию сиёсӣ муносибатро ба кишварҳои содиркунандаи туристон ба давлати худ роҳандозӣ намоянд. Чунки рушди туризми байналмилалӣ дар ин кишварҳо барои пойдории иқтисоди миллӣ, ташкили шуғли пурмаҳсул ва даромади арзӣ боис гаштааст.
Имрӯз сиёсати дарҳои кушод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, инчунин тадбирҳое, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ва мустаҳкам намудани имиҷи кишвар ҳамчун маркази баргузории чорабинӣ ва вохўриҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ равона шудаанд, дар маҷмуъ, ба тамоми намудҳои нишондиҳандаҳои туризм таъсири мусбӣ мерасонанд. Тоҷикистон бо захираҳои бойи обию энергетикӣ кишвари сарсабз ва хуррам аст ва мо метавонем дар ин самт бо дарназардошти табодули таҷриба ба як мамлакати пешрафтаи сайёҳии экологӣ мубаддал гардем. Заминаи татбиқи ин гуфтаҳо ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим ва ҷонибдории онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ва қабули санадҳои дахлдор бо мақсади ба «Кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Мавриди зикр аст, ки барои ташкили истироҳати хушсифат дар ҳудуди Тоҷикистон ва пешниҳоди армуғонҳои миллии хушсифат шаҳрвандони маҳаллӣ ва хориҷӣ таҷрибаи фаъолро дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ интизоранд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2024 соҳаи сайёҳӣ 10% иқтисоди ҷаҳонро ташкил медиҳад. Шумораи умумии коргарон дар соҳаи дахлдор дар саросари ҷаҳон ба 357 миллион нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2% зиёд аст. Ҳамин тариқ, тақрибан 1 аз ҳар 10 ҷойи кор дар саросари ҷаҳон дар бахши сайёҳӣ рост меояд.
Коршиносони байналмилалии сайёҳӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат “Нақшаи рушди устувори сайёҳии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро таҳия намудаанд чунин арзёбӣ менамоянд, ки бахши сайёҳӣ тақрибан 20 000 ҷойи корӣ дорад, ки тақрибан 1% шумораи умумии шуғл дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Ҷойҳои корӣ асосан дар байни бахши манзил, ғизо ва нӯшокиҳо ва бахши нақлиёт тақсим карда шудаанд, ки ҳар яки онҳо 8,000 ҷойи корро ташкил медиҳанд. 70 дарсади ҷойҳои корӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар Душанбе мутамарказ шудаанд. Шумораи умумии кормандон дар соҳаи «Саноати хизматрасонӣ» 732,400 нафарро ташкил медиҳад, ки 16,400 нафарашон дар бахши «Меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо» кор мекунанд.
Имрӯзҳо бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати дастгирӣ ва рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани мутахассисони касбӣ, ташаккули шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мунтазам гузаронидани ислоҳот ҳамчун омили рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.
Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар маҷмўъ, метавонанд ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар, хусусан соҳибкории хурду миёна, ташкили ҷойҳои кории нав таъсири назаррас расонида, ба баланд бардоштани обрӯю эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ, ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, инчунин суботи иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат намоянд.
ҚУРБОНЗОД Абдукарим
Мутахассиси Вазорати меҳнат, муҳоҷират
5ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон