19 июни соли 2025 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба муқаррароти Кодекси андоз, рақамикунонии соҳа ва татбиқи хизматрасониҳои давлатии мақомоти андоз дар шакли электронӣ барои кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва масъулини бахши муҳосибот ва молияи сохторҳои вазорат баргузор гардид.
Дар семинари омӯзишӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Каримзода Н., муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Н., муовинони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурализода А., Норзода Ш. иштирок намуданд.
Намояндагони Кумитаи андоз Маликзода Н. ва Холмирзоев А. ҳозиринро ба тағйиру иловаҳои воридшуда ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав шинос намуда, қайд карданд, ки бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва таъмини шаффофият ба Кодекси андоз зуд-зуд тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, шумораи андозҳо кам карда шуданд.
Зикр гардид, ки рақамикунонии соҳаи андоз яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, то имрӯз 45 намуди хизматрасониҳо тариқи электронӣ анҷом дода мешаванд. Андозсупорандагон ҳамагуна пардохтҳои андозиро метавонанд тариқи ғайринақдӣ бо истифода аз утоқи шахсӣ амалӣ намоянд.
Дар рафти семинар тартиби истифода аз сомони Кумитаи андоз www.аndoz.tj, равзанаи “Андози ман” ва утоқи шахсӣ ба ҳозирин фаҳмонида шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифтанд.