Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба, маросими имзои Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ баргузор гардид.
Ҳуҷҷатҳои муҳими таърихӣ – Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ дар фазои ботантана аз ҷониби Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Содир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев ба имзо расонида шуданд.
Сипас Сарони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи фосилавии сутуни рамзӣ дар нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Бо ризояти Сарони давлатҳо намояндагони масъули ҷонибҳо дар фазои ботантана ин сохтмони рамзиро ифтитоҳ карданд.
Ҳамроҳии мусиқии миллӣ бо истифода аз карнай, сурнай ва дигар асбобҳои миллии мусиқӣ дар макони ифтитоҳи ин сохтмон ба маросим ранги хос бахшид.