Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи таваллуд: 11.11.1988
Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
*Таҳсилот: олӣ
соли 2010 Донишкадаи Ню-Йорки, Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро (рӯзона) хатм кардааст
*соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо дипломи Магистр хатм кардааст
Ихтисос иқтисодиёти ҷаҳон
*Унвони илмӣ магистр (айни ҳол дар раванди ҳимояи рисолаи номзадии илмӣ дар мавзӯи “Институтсионализатсияи равандҳои ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми Байналмилалии Савдо” қарор дорад)
*Забонҳои русӣ, туркӣ ва англисиро медонад
Соли 2016 бо Ифтихорномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои хизматҳои арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, рушди соҳаҳои иќтисодиёт ва савдо дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст
Соли 2024 бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе «Барои саҳми арзанда гузоштан дар таъмини иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нақшаи даъвати баҳорию тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» аз ҷониби Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарфароз гардонида шудааст.
*Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №21, даъвати шашум ва ҳафтум.
*Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 3 фарзанд
*Суроға шаҳри Душанбе
*аз 14 ноябри соли 2025 дар мансабиВазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
дар мансаби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Муовини Раиси шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сардори Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;аз 24 декабри соли 2016, №529 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиби масъули Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо;
Тибқи розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2017, №1798 (29-8) дар доираи Барномаи таҷрибаомӯзии Донишкадаи такмили ихтисос ва ҳамкории техникии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева;
Ҳамзамон ба ҳайси омӯзгори соатбай (0,25 воҳиди корӣ) аз фанни «Иқтисодиёти ҷаҳон» дар Кафедраи муносибатҳои байналмилалии Факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Сармутахассиси Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
Мутахассиси пешбари Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
Мутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;