eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: БА 20 ОИЛАИ НИЁЗМАНД КУМАКПУЛИИ ЯКВАҚТАИНА ТАҚДИМ ГАРДИД
Саҳифаи асосӣ
More
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант
Хабарҳо
ЛЕВАКАНТ: БА 20 ОИЛАИ НИЁЗМАНД КУМАКПУЛИИ ЯКВАҚТАИНА ТАҚДИМ ГАРДИД
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
7 апрели 2026
ЛЕВАКАНТ: БА 20 ОИЛАИ НИЁЗМАНД КУМАКПУЛИИ ЯКВАҚТАИНА ТАҚДИМ ГАРДИД
Дар доираи татбиқи сиёсати инсондӯстонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи идҳои мубораки Рамазон ва Наврӯз дар шаҳри Левакант тадбирҳои хайриявӣ ва…
Дар доираи татбиқи сиёсати инсондӯстонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи идҳои мубораки Рамазон ва Наврӯз дар шаҳри Левакант тадбирҳои хайриявӣ ва дастгириҳои иҷтимоӣ тақвият ёфта истодаанд.
Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша, ба 20 оилаи ниёзманд, аз ҷумла шахсони маъюб ва камбизоат, ки дар ҳудуди се ҷамоати шаҳр зиндагӣ мекунанд, кумаки яквақтаинаи пулӣ расонида шуд. Ҳаҷми ин кумак барои ҳар як оила 500 сомонӣ муайян гардида, он ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо мусоидат менамояд.
Масъулин зикр намуданд, ки чунин иқдомҳо ба хотири дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таҷлили идҳои миллӣ роҳандозӣ мегарданд.
Қайд гардид, ки бо дастгирии роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар, дар шаҳри Левакант чунин чорабиниҳои хайриявӣ мунтазам баргузор гардида, онҳо барои таҳкими эҳсоси ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва афзоиши рӯҳияи инсондӯстӣ дар ҷомеа нақши муҳим мебозанд.
Ин иқдом боз як намунаи равшани таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба табақаҳои ниёзманд ва тақвияти арзишҳои инсонпарварона дар ҷомеа маҳсуб меёбад.