eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
Тадбирҳои назоратӣ дар Левакант: Танзими нарху наво ва пешгирии савдои кӯчагӣ
Саҳифаи асосӣ
More
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант
Хабарҳо
Тадбирҳои назоратӣ дар Левакант: Танзими нарху наво ва пешгирии савдои кӯчагӣ
7 апрели 2026
Тадбирҳои назоратӣ дар Левакант: Танзими нарху наво ва пешгирии савдои кӯчагӣ
18-уми март, дар шаҳри Левакант бо дастури раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ як қатор тадбирҳои муҳими назоратӣ ҷиҳати ба танзим даровардани нарху навои маҳсулоти ғизоӣ ва пешгирии савдои кӯчагӣ амалӣ гардиданд. Ин иқдом дар остонаи идҳои…
18-уми март, дар шаҳри Левакант бо дастури раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ як қатор тадбирҳои муҳими назоратӣ ҷиҳати ба танзим даровардани нарху навои маҳсулоти ғизоӣ ва пешгирии савдои кӯчагӣ амалӣ гардиданд. Ин иқдом дар остонаи идҳои муқаддаси Рамазон ва Наврӯз роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он ҳифзи манфиатҳои сокинон ва таъмини тартибот дар шаҳр мебошад.
Дар доираи ин чорабиниҳо раиси ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» Фарух Султонов дар ҳамкорӣ бо масъулини ШВКД-и шаҳри Левакант бо соҳибкорон ва дукондорон мулоқот анҷом доданд. Зимни суҳбат ба фурӯшандагон зарурати риояи нархҳои муътадил, пешгирии болоравии беасоси арзиши маҳсулот ва аҳамияти пешниҳоди молҳои босифат ба аҳолӣ фаҳмонда дода шуд.
Ҳамзамон, ба масъалаи савдои кӯчагӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, ба соҳибкорон тавсия дода шуд, ки фаъолияти худро танҳо дар ҷойҳои барои савдо муайяншуда ба роҳ монанд. Қайд гардид, ки савдои кӯчагӣ метавонад ба тартиботи ҷамъиятӣ халал расонида, инчунин ба ҳолати санитарӣ таъсири манфӣ расонад.
Масъулин зикр намуданд, ки чунин чорабиниҳо минбаъд низ идома ёфта, ҷиҳати таъмини фаровонӣ ва дастрасии маҳсулоти ғизоӣ бо нархҳои қобили қабул тадбирҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд.
Сокинони шаҳр аз ин иқдомҳо истиқбол намуда, онро барои суботи нархҳо ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ дар бозорҳо муҳим арзёбӣ карданд.
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ