eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: ДАР ДЕҲАИ ҲАЁТИ НАВ БО УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» ФАҲМОНДАДИҲӢ ГУЗАРОНИДА ШУД
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ЛЕВАКАНТ: ДАР ДЕҲАИ ҲАЁТИ НАВ БО УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» ФАҲМОНДАДИҲӢ ГУЗАРОНИДА ШУД
Centralised website of government and municipal services
2 March 2026
ЛЕВАКАНТ: ДАР ДЕҲАИ ҲАЁТИ НАВ БО УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» ФАҲМОНДАДИҲӢ ГУЗАРОНИДА ШУД
27-уми феврал, кормандони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар деҳаи Ҳаёти Нав вохӯрии сайёри «хона ба хона» баргузор намуданд. Тибқи иттилои масъулон,…
27-уми феврал, кормандони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант бо мақсади тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар деҳаи Ҳаёти Нав вохӯрии сайёри «хона ба хона» баргузор намуданд.
Тибқи иттилои масъулон, зимни ин ташаббус намояндагони ҷамоат ба манзили сокинон ташриф оварда, бо ҳар як оила суҳбати рӯ ба рӯ анҷом доданд. Дар рафти мулоқот ба сокинон вобаста ба мавзуҳои доғи рӯз, аз ҷумла риояи қонунгузорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон, истифодаи самараноки неруи барқ, омодагӣ ба фасли баҳор ва корҳои ободониву тозагӣ тавзеҳоти муфассал дода шуд.
Ҳамзамон ба шаҳрвандон таъкид гардид, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳал фаъол бошанд. Масъулон инчунин доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ҷалби сокинон ба корҳои ҷамъиятӣ ибрози назар карданд.
Сокинони деҳаи Ҳаёти Нав иқдоми «хона ба хона»-ро иқдоми муҳим арзёбӣ намуда, зикр доштанд, ки чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва таҳкими ҳамкории миёни аҳолӣ ва мақомоти маҳаллӣ мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин мулоқотҳо дар дигар маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» низ идома ёфта, ҳадаф аз он таҳкими робитаи мустақим бо мардум ва баррасии мушкилоти ҷойдошта дар маҳал мебошад.