eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
🌲Иштироки муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал дар ҷаласаи панелӣ таҳти унвони «Сипари сабзи Осиёи Марказӣ: низоми минтақавии камарбанди ҷангалҳои муҳофизатӣ»
Саҳифаи асосӣ
More
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо
🌲Иштироки муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал дар ҷаласаи панелӣ таҳти унвони «Сипари сабзи Осиёи Марказӣ: низоми минтақавии камарбанди ҷангалҳои муҳофизатӣ»
23 апрели 2026
🌲Иштироки муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал дар ҷаласаи панелӣ таҳти унвони «Сипари сабзи Осиёи Марказӣ: низоми минтақавии камарбанди ҷангалҳои муҳофизатӣ»
Санаи 23 апрели соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, дар доираи Саммити минтақавии экологӣ, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал дар ҷаласаи панелӣ таҳти унвони «Сипари сабзи Осиёи Марказӣ: низоми минтақавии камарбанди ҷангалҳои…
Previous slide
Next slide
Санаи 23 апрели соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, дар доираи Саммити минтақавии экологӣ, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал дар ҷаласаи панелӣ таҳти унвони «Сипари сабзи Осиёи Марказӣ: низоми минтақавии камарбанди ҷангалҳои муҳофизатӣ» иштирок намуда, бо маърӯзаи пурмуҳтаво суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ аҳамияти ташаббуси "Сипари сабзи Осиёи Марказӣ" ҳамчун механизми муҳими таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва пешгирии равандҳои биёбоншавӣ таъкид гардид.
Ҳамзамон, зарурати таъсиси низоми муосири камарбанди ҷангалҳои муҳофизатӣ дар кишварҳои минтақа, татбиқи таҷрибаҳои пешқадам ва ҷалби захираҳои иловагӣ барои рушди устувори соҳа махсус зикр гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа қабули қатъномаи муштарак оид ба оғози ташаббуси минтақавии «Сипари сабзи Осиёи Марказӣ» ба имзо расид, ки уҳдадориҳои мушаххаси кишварҳоро ҷиҳати таъсиси хатҳои муҳофизатии ҷангал дар бар мегирад.
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон