eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
🇹🇯🌲«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН»🌲
Саҳифаи асосӣ
More
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо
🇹🇯🌲«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН»🌲
11 апрели 2026
🇹🇯🌲«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН»🌲
Кормандони дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксияи умумишаҳрии экологӣ таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» фаъолона иштирок намуданд. Дар доираи аксия кормандони Агентӣ дар корҳои ободониву…
Previous slide
Next slide
Кормандони дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксияи умумишаҳрии экологӣ таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» фаъолона иштирок намуданд.
Дар доираи аксия кормандони Агентӣ дар корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозакунии ҳудудҳои вобасташуда, ҷамъоварии партовҳо ва ба тартиб даровардани муҳити атроф саҳми назаррас гузоштанд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи иштирокдорон ба риояи қоидаҳои санитарӣ ва нигоҳдории тозагӣ ҷалб карда шуд.
Қайд гардид, ки иштироки фаъолонаи кормандони Агентӣ дар чунин чорабиниҳо ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва маърифати онҳоро тақвият мебахшад.
Кормандон изҳор доштанд, ки минбаъд низ дар чунин иқдомҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, барои тозагӣ ва ободии пойтахт саҳми худро мегузоранд.
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон