![]()
Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии "Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026", кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар кӯҳи Хоҷамумин ва деҳаи Бузахона бо иштироки кормандони ШВКД-и ноҳия ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1500 бех ниҳоли қарағоч шинониданд.