18 марти соли ҷорӣ дар шафати шоҳроҳи Душанбе–Ваҳдат маросими ниҳолшинонӣ бо иштироки намояндагони сатҳи баланд ва шарикони байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода Неъматулло, Сафири Ҷумҳурии Корея ҷаноби Ҷон Сонг Шик, намояндагони Ассотсиатсияи кореёиҳои этникӣ — Виктор Ким ва Ҷин Хи Ҷа, аъзои KOICA, инчунин кормандони Агентӣ, кормандони Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Бунёди ҷангал ва агроҷангал бо мақсади пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар Тоҷикистон» баргузор гардида, фазои ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмиро боз ҳам таҳким бахшид.