Ҷиҳати таъмини иҷрои банди 26 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №149 тасдиқ гардидааст, вобаста ба бунёди “минтақаҳои сабз” дар гирду атрофи шаҳри Душанбе, нуқтаҳои аҳолинишин ва шафати шоҳроҳҳои автомобилгард аз тарафи кормандони Муасиссаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Нуробод дар шафати шоҳроҳи Роғун - Нуробод ба миқдори умумии зиёда аз 900 бех ниҳолҳои дарахтони айлант ва олуча шинонида шуд.