Ҷиҳати таъмини иҷрои банди 26-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №149 тасдиқ гардидааст, вобаста ба бунёди “минтақаҳои сабз” дар гирду атрофи шаҳри Душанбе, нуқтаҳои аҳолинишин ва шафати шоҳроҳҳои автомобилгард, аз тарафи кормандони Муасиссаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба миқдори 100 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд.