Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва баррасии ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштарак, вохӯрии роҳбарияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Мутаҳид…
Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва баррасии ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштарак, вохӯрии роҳбарияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Мутаҳид (ФАО) дар Туркия, аз ҷумла коршиноси тағйирёбии иқлим, барнома ва мониторинг хонум Эрда Челер, мутахассиси соҳаи ҷангал ҷаноби Акрам Ясичи ва ҳамоҳангсози ФАО дар Тоҷикистон Ҳакимов Абдуҷаббор баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои иҷрои лоиҳаи амалкунандаи “Беҳсозии гуногунии биологи ва рушди устувори хоҷагии ҷангал”, инчунин баррасии лоиҳаи нави “Таҳияи ёддошти консепсияи лоиҳаи Фонди иқлимии сабз (ФИС) оид ба бунёди ҷангалҳо, идоракунии устувори ҷангалҳо ва ҳифзи ҷангалҳо барои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати таъсири тағйирёбии иқлим яке аз кишварҳои осебпазир буда, нақши соҳаи хоҷагии ҷангал дар мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирии биёбоншавӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ аҳамияти калидӣ дорад. Дар ин замина, «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ҳамчун ҳуҷҷати асосии рушди соҳа муаррифӣ карда шуд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самтҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалҳо, таъсиси плантатсияҳои саноатӣ, рушди ниҳолпарварӣ ва тухмипарварӣ, таҳкими пойгоҳи моддиву техникии хоҷагиҳои ҷангал, рушди захираҳои кадрӣ, татбиқи илм ва инноватсия, инчунин таъсиси корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти ҷангал баён намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин ба фаъолияти корхонаҳои навтаъсиси соҳавӣ, аз ҷумла КВД «Гуруҳи ҷангалсозии Тоҷик» ва КВД «Маркази таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо», таваҷҷуҳ зоҳир гардида, тақвияти ҳамкориҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти идоракунии устувори ҷангал мувофиқи мақсад дониста шуд.