Баҳри таъмини иҷрои банди 26-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №149 тасдиқ гардидааст, вобаста ба бунёди “минтақаҳои сабз” дар гирду атрофи шаҳри Душанбе, нуқтаҳои аҳолинишин ва шафати шоҳроҳҳои автомобилгард, аз тарафи кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи Душанбе-Вахдат тақрибан 2000 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд.