Дар доираи Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026, бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон аз сардиҳои зимистон, дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд. Дар…
Дар доираи Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026, бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон аз сардиҳои зимистон, дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд.
Дар ҷараёни ин чорабиниҳо, ҷиҳати таъмин намудани ғизои ҳайвонот ва парандагон, дар мавзеъҳои махсуси ҳайвонгузар ва ҷойҳои сукунати парандагон 450 килограмм хошок, 120 килограмм ҷав, 150 килограмм гандум, 150 килограмм ҷуворимакка, 100 килограмм меваи хушк ва намак ҷойгир ва пошида шуд.