Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи таваллуд: 2 январи соли 1984
Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳсилот:
Соли 2006 — Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ.
Соли 2012 — Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит.
Соли 2020 — Донишгоҳи Тор Вергата, шаҳри Рим, Италия. Дараҷаи байналмилалии магистри сатҳи II оид ба идоракунии хариди давлатӣ.
Мукофотҳои давлатӣ: Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2026, № 1199, бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.
Донистани забонҳо: Забонҳои русӣ ва англисиро озодона медонад.
раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
мушовир оид ба хариди шуъбаи идоракунии лоиҳаҳо ва грантҳои Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон
мушовир оид ба хариди Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи "Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш"-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
мушовир оид ба хариди Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
директори КВД “Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҳамоҳангсоз оид ба мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳаи "Пешгирии ВНМО/БПНМ миёни ҷавонони деҳот"-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
сармутахассис оид ба мониторинг ва баҳодиҳии Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи “Ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувории соҳаи пахтакорӣ”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ёвар оид ба мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳаи "Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои ҷавонони Тоҷикистон"-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
мутахассис, сармутахассис оид ба мониторинг ва баҳодиҳии Маркази идораи лоиҳаи “Таҷдиди маориф”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон