Раиси ноҳияи Лахш
Санаи таваллуд: 10 августи соли 1976
Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳсилот:
Соли 1982 ба мактаби миёнаи №19-и деҳаи Лоҳури ноҳияи Данғара қадам монда ва онро соли 1991 хатм намудааст.
Баъди хатми мактаби миёна соли 1991 ба Омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Кўлоби вилияти Хатлон дохил шуда ва соли 1995 омўзишгоҳи мазкурро хатм намудааст ва худи ҳамин сол, (соли 1995) ба факултаи боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва ангурпарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шуда ва Донишгоҳи зикргардидаро соли 1999 хатм намудааст.
Раиси ноҳия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш
Муовини якуми раиси ноҳия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара
Муовини сардор, Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сармутахассис, Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини сардор, Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сармутахассис, Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутахассис, Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ходими калони илмӣ, Институти илмӣ-тадқиқотии хоҷагии ҷангал, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон